Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суғд ҳазор нафареро ёфтаанд, ки шаҳрвандии ҳеч кишварро надоранд


Шаҳри Хуҷанд, акс аз бойгонӣ
Шаҳри Хуҷанд, акс аз бойгонӣ

Дар вилояти Суғди Тоҷикистон мақомот наздик ба ҳазор нафареро сабт кардаанд, ки шаҳрвандии ҳеч кишвареро надоранд.

Акбар Шарифов, як масъули Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар матлабе дар сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, имсол 956 зодаи Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя ба мақомот барои дарёфти шаҳрвандӣ муроҷиат кардаанд.

Ин афрод солҳо дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ шаҳрвандии ҳеч кишвареро надоштаанд.

Мақомот гуфтаанд, пас аз муроҷиат онҳо имкони дарёфти шаҳрвандии Тоҷикистонро ба даст овардаанд. Ба беш аз 400 нафари онҳо ҳаққи иқомати доимӣ дода, санадҳои беш аз 500 нафари дигарро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Дар гузашта сокинони деҳаҳое, ки дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон ҷойгир буданд, чунин мушкил доштанд ва бо гузашти солҳо шаҳрвандии ҳеч кишваре надоштанд. Мақомот гуфта буданд, ки пас аз дақиқ кардани хати марз бо Узбекистон ин мушкил ҳал шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG