Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангреза роҳи Душанбе - Хоруғро баст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бар асари фаромадани сангреза дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ муваққатан манъ шудааст. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, гуфт, ҳодиса субҳи 8-уми ноябр рӯй дод. Вай афзуд, "дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ низ резиши санг сабт шуд" ва он ҳам ба ҳаракати мошинҳо монеа эҷод мекунад. "Маъмурони наҷот кӯшиш доранд, роҳро зудтар тоза кунанд," – афзуд ӯ. Рӯзҳои охир дар минтақаҳои Тоҷикистон борону жола борида, монеи ҳаракат дар роҳҳо шудааст, вале ба гуфтаи мақомот, "талафоти ҷонию молӣ" надорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG