Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10:7. Бозигарони Тоҷикистон мунтахаби Русияро шикаст доданд


Тими миллии футзали Тоҷикистон
Тими миллии футзали Тоҷикистон

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Русия, ки шаби 7-уми ноябр дар Қасри теннис ва намудҳои варзиши обии Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 10:7 ба поён расид.

Нимаи аввали дидор бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев ва Дилшод Саломов ба самар расонданд. Ду голи мунтахаби Русия ба Янар Асадов ва яктоаш ба Сергей Денисов марбут аст.

Дар нимаи дувуми дидор мизбонон ҳафт гол ва меҳмонон чаҳор гол заданд. Бозигари мунтахаби Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров ба дарвозаи мунтахаби Русия чаҳор гол (яктоаш аз пеналти) ворид кард. Се голи дигари мизбононро Идрис Ёров, Дилшод Саломов ва Бахтиёр Солиев ба нишон расонданд.

Ҳамин тариқ, бозии аввали дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Русия бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби бузурги 10:7 хотима ёфт.

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Русияро довари ФИФА Анатолий Рубаков ва Никита Афиногенов, ҳарду аз Узбекистон, ҳакамӣ карданд. Доварони эҳтиётӣ довари ФИФА аз Тоҷикистон Беҳрӯз Муртазоев ва ҳамватанаш Суҳроб Сатторов буданд.

Сафари мунтахаби футзали Русия ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифтааст, ки варзишгарони рус бинобар ҳамлаи низомии Маскав ба Украина, аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум карда шудаанд.

Бозии дуюми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Русия шаби сешанбе, 8-уми ноябр, дар Қасри теннис ва намудҳои варзиши обии Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе соати 20:00 (соати 18:00 ба вақти Маскав) шуруъ мешавад.

Сармураббии дастаи мунтахаби миллии футзали Русия Константин Маевский ба Душанбе 14 футзалбоз овардааст – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Русия дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Дмитрий Путилов (КПРФ, Москва), Николай Балашов («Норникел», Норилск);

Бозигарони майдонӣ: Андрей Понкратов, Павел Симаков (ҳарду аз «Газпром-Югра», Югорск), Дмитрий Зайтсев, Сергей Денисов (ҳарду аз «Торпедо», Нижний Новгород), Янар Асадов, Андрей Заболонков, Артём Ниёзов (ҳарсе аз КПРФ, Москва), Павел Карпов, Егор Шишкин, Никита Фахрутдинов (ҳама аз «Синара», Екатеринбург), Михаил Москалёв, Антон Рубсов (ҳарду аз «Ухта»).

Сармураббӣ – Константин Маевский.

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тими миллии Русия дар Душанбе бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов иштирок мекунад. Ба ҳайати мунтахаби футзали Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби Русия 16 бозигар – 2 дарвозабон ва 14 бозигари майдонӣ даъват шудааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Русия:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Муродулло Алиқулов («Амонатбанк»);

Бозигарон: Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, Дилшод Саломов, Муҳаммадҷон Шарипов, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов, Насим Шарипов (ҳама аз «Соро компания»), Рустам Ҳамидов, Абдуқаюм Умаров, Нусратшо Исмоилов (ҳарсе аз «Истиқлол»), Шавкат Ҳалимов, Умед Қузиев, Иқбол Воситзода (ҳарсе аз «Сипар»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

Бозиҳои дӯстона

7-уми ноябр (душанбе)

Тоҷикистон – Русия – 10:7

Душанбе, Қасри теннис ва намудҳои варзиши обӣ

Голҳо: Янар Асадов, 2 (0:1). Сергей Денисов, 7 (0:2). Идрис Ёров, 12 (1:2). Бахтиёр Солиев, 13 (2:2). Дилшод Саломов, 18 (3:2). Янар Асадов, 18 (3:3). Файзалӣ Сардоров, 25 – аз пеналти (4:3). Артём Ниёзов, 26 (4:4). Файзалӣ Сардоров, 28 (5:4). Файзалӣ Сардоров, 28 (6:4). Янар Асадов, 29 (6:5). Бахтиёр Солиев, 31 (7:5). Файзалӣ Сардоров, 33 (8:5). Янар Асадов, 38 (8:6). Янар Асадов, 39 (8:7). Идрис Ёров, 40 (9:7). Дилшод Саломов, 40 (10:7).

7 ноябр. Душанбе. Қасри теннис ва намудҳои варзиши обӣ. 2750 тамошобин.

8-уми ноябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 20:00

Тоҷикистон – Русия

Душанбе, Қасри теннис ва намудҳои варзиши обӣ

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG