Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили узбек як наврасро барои мулоқот бо наберааш задааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вакили маҷлиси ноҳияи Қамашии Узбекистон Панҷӣ Нуртоев ба латукӯби як хонандаи синфи 9-ум, ки бо наберааш вомехӯрдааст, айбдор мешавад.

Дар ин бора "Газете.uz" бо истинод ба сухангӯи Додситонии кулли Узбекистон Ҳаёт Шамсиддинов хабар додааст.

Хонандаи 15-сола бо набераи Панҷӣ Нуртоев, ки дар синфи 8-ум мехонад, вохӯрдааст. Ӯ шаби 4-уми ноябр, тахминан соати 2:35, аз тиреза ба хонаи духтар даромадааст. Бобои духтар вайро дар утоқи наберааш ёфта, ҳамроҳи писараш Шерзод Нуртоев сахт задаанд.

Падари навраси латукӯбшуда Бахтиёр Қличев ба расонаи "Дарё" гуфтааст, ки писараш ҷароҳати вазнин бардоштааст. "Бале, писарам хато кард. Ман инро инкор намекунам, аммо оё дуруст аст, ки як шахси калон, вакил, ҳамроҳи писараш ӯро то дами марг бизананд?" - афзудааст ӯ.

Шӯрои вилоятии Ҳизби либерал-демократии Узбекистон, ки Нуртоев узви он аст, дар пайи як раъйгирӣ ӯро аз сафи ҳизб ронд

Парвандаро додситонии маҳаллӣ тафтиш дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG