Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Душанбе-Чаноқ боз шудааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона масир ба шимоли Тоҷикистон баъди чанд соати баста будан, дубора боз шудааст. Ширкати IRS, масъули нигоҳбини роҳ, ки аз ронандагон маблағ мегирад, бо нашри хабарномае гуфт, маҳдудиятҳо барои ҳама намуд нақлиётҳо бардошта шуд. "Шурӯъ аз субҳи барвақт кормандони мо тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжишро идома доданд",-омадааст дар хабарномаи IRS.

Рӯзи 6-уми ноябр дар пайи боридани барфи зиёд равуо дар роҳи Душанбе-Чаноқ мушкил шуд ва даҳҳо мошин дар дохили нақб дармонданд. Мусофирон бо гузоштани аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷамъ шудани даҳҳо мошин дар наздикии нақби "Истиқлол" хабар доданд. Баъзе аз онҳо шикоят карданд, ки чанд соат дар дохили нақб дармонданд ва ғизои кофӣ надоранд. Масъулини ширкати IRS гуфтанд, дармондани мусофирон дар роҳ зиёд тӯл накашидааст ва онҳо талош карданд роҳро боз кунанд.

Дар ҳоле, ки бархеҳо аз кори ширкати IRS дар роҳи Душанбе-Чаноқ норозигӣ карданд, ин ширкат гуфтааст, "маҳз риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ба ҷо наовардани эҳтироми ҳамдигар аз ҷониби баъзе ронандагон", боиси тамбашавӣ мегардад.

Ҳамасола бо шуруи фасли зимистон равуо дар роҳи Душанбе-Чаноқ мушкил мешавад. Ин масир феълан ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки аз соли 2009 дар ихтиёри ширкати IRS аст. Молики ин ширкат маълум нест.

XS
SM
MD
LG