Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" бори ёздаҳум қаҳрамони Тоҷикистон шуд


Бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии даври бистуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар гурӯҳи “А” тими «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард, пешакӣ соҳиби медалҳои тилои мусобиқот гардид. Зимнан, «Истиқлол» бори ёздаҳум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт.

Бозӣ миёни ду дастаи пешсафи ҷадвали мусобиқот – «Истиқлол» ва «Хатлон» - рӯзи ҷумъаи 4-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Голи ягонаро дар ин дидор дар дақиқаҳои иловагии бозӣ (90+2) ҳимоятгар Алиҷон Кароматуллозода ба нишон расонд.

Ин ғалаба ба душанбегиҳо имкон дод, ки се давр пеш аз анҷоми мусобиқоти каҳрамонии кишвар медалҳои тилоро соҳиб шаванд. Ба ин тартиб, «Истиқлол» соҳиби роҳхат ба Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар мавсими 2023-24 гардид.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ «Истиқлол»-и Душанбе бо касби 42 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои даврҳои боқимонда «Истиқлол» барои рақибонаш дастнорас шуд.

«Равшан»-и Кӯлоб бо касби 32 имтиёз дар ҷойи дувум ва “Хатлон”-и Бохтар бо касби 31 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд. Ба ҷуз аз ин ду даста, инчунин «Хуҷанд» барои медалҳои нуқраю биринҷӣ талош меварзад.

Аз рӯи натоиҷи марҳилаи аввал панҷ дастаи беҳтарин дар гурӯҳи “А” дар як давра бозӣ карда, дар ҷадвали мусобиқот ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро ишғол мекунанд. Инҳо дастаҳои “Истиқлол” (Душанбе), “Хатлон” (Бохтар), “Равшан” (Кӯлоб), “Хуҷанд” (Хуҷанд) ва КМВА (Душанбе) мебошанд.

Панҷ дастаи боқимонда – “Истаравшан” (Истаравшан), “Файзканд” (Восеъ), “Эсхата” (Хуҷанд), “Равшан” (Зафаробод) ва “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - дар гурӯҳи «Б» дар як давра бозӣ карда, ҷойҳои аз 6-ум то 10-умро ишғол менамоянд ва барои нигоҳ доштани мавқеашон дар лигаи олӣ талош меварзанд.

Ду дастае, ки дар ҷадвал ҷойҳои охирро мегирад, ба лигаи аввал мегузарад. Дар маҷмӯъ, ҳар даста дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ

Даври 20-ум. Гурӯҳи «А»

«Истиқлол» – «Хатлон» – 1:0

Гол: Алиҷон Кароматуллозода, 90+2

«Истиқлол» (Душанбе): Муҳриддин Ҳасанов, Глеб Грачёв, Владислав Касминин, Сиёвуш Асроров, Алиҷон Кароматуллозода, Аҳтам Назаров, Идрис Амину, Гонсало Ритакко (Шаҳром Сулаймонов, 59), Муҳаммадҷон Раҳимов, Шервонӣ Мабатшоев, Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозигари дидор: Алиҷон Кароматуллозода («Истиқлол»).

Корти зард: Владислав Касминин, Алиҷон Кароматуллозода, Аҳтам Назаров («Истиқлол»), Равшан Азизов («Хатлон»).

Корти сурх: Тони Бикатал («Хатлон») – 62.

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

4-уми ноябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

5 ноябр (шанбе)

КМВА – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:2

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «А»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

19

12

6

1

39-11

42

2

«Равшан» (Кӯлоб)

20

8

8

4

25-20

32

3

«Хатлон» (Бохтар)

20

8

7

5

20-15

31

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

19

7

7

5

24-16

28

5

КМВА (Душанбе)

20

7

4

9

25-30

25

Даври 20-ум. Гурӯҳи «Б»

6 ноябр (якшанбе)

«Регар-ТадАЗ» – «Эсхата» - 2:1

«Истаравшан» – «Файзканд» - 1:3

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «Б»

6

Файзканд» (Восеъ)

20

7

4

9

21-31

25

7

«Истаравшан» (Истаравшан) «

19

6

4

9

24-22

22

8

«Эсхата» (Хуҷанд)

20

5

6

9

24-32

21

9

«Равшан» (Зафаробод)

19

4

8

7

20-35

20

10

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

20

5

4

11

16-26

19

Голзанҳои пешсаф: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 12 тӯб, Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Эсхата») – 10-тӯбӣ.

Даври 21-ум. Гурӯҳи «А»

9 ноябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо соати 14:30

«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол»

«Хуҷанд» – КМВА

Даври 21-ум. Гурӯҳи «Б»

10 ноябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 14:30

«Эсхата» – «Истаравшан»

11 ноябр (ҷумъа)

Оғози бозӣ соати 14:30

«Равшан» (Зафаробод) – «Регар-ТадАЗ»

Бозиҳои ду даври охирини қаҳрамонии кишвар пас аз бозиҳои дӯстонаи тими миллӣ, ки дар даҳаи дуюми моҳи ноябр ба нақша гирифта шудааст, барпо мегарданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG