Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cозмони Милал мегӯяд, курраи Замин зудтар "метасфад"


Покистон имсол шоҳиди боронгариҳои бесобиқа шуд.
Покистон имсол шоҳиди боронгариҳои бесобиқа шуд.

Созмони Ҷаҳонии Ҳавошиносӣ рӯзи 6-уми ноябр ҳушдор дод, курраи Замин назар ба гузашта бо суръати бештар гарм мешавад ва сатҳи дарёву уқёнусҳо зудтар боло мераванд, ки метавонанд дар пай фалокатҳои азиме дошта бошанд.

Дар гузориши солонаи созмон дар бораи иқлим, ки имрӯз нашр шуд, омадааст, сатҳи баҳрҳо дар як даҳсолаи ахир дар муқоиса ба солҳои 90-ум ду баробар боло рафтааст ва моҳи январи соли 2020 суръати бештаре гирифтааст.

Бино ба гузориши Созмони Ҷаҳонии Ҳавошиносӣ, агар солҳои 90-ум сатҳи баҳрҳо дар як сол то 2.1 миллиметр боло мерафт, дар як даҳсолаи ахир солона то 5 миллиметр баландтар мешавад.

Дигар ин ки дар шаҳри Шарм-ул-Шайхи Миср, нишасти сарони кишварҳои ҷаҳон оғоз ёфт, ки дар он масъалаи тағйири иқлим баррасӣ мешавад. Раҳбарон ва дипломатҳои 120 кишвар дар он ширкат мекунанд ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам яке аз онҳост ва рӯзи 6-уми ноябр ба Миср сафар кардааст.

XS
SM
MD
LG