Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ашкҳои зери борон" -- маҷмӯи қиссаҳо дар бораи муҳоҷирони тоҷик


Чопхонаи "Паёми ошно" маҷмӯаи қиссаҳои рузноманигори тоҷик Холиқназар Ҷумъаевро бо номи "Ашкҳои зери борон" нашр кард.

Дар ин китоб саргузаштҳои сахту сангини муҳоҷирони тоҷик дар Русия, иҷрои корҳои вазнин, ҳабсу бозпурсиҳо, ба доми фиреб афтодану муҷозот шуданҳо, муносибати хушунатомез нисбати онҳо ва даҳҳо мушкилоти дигаре, ки домангири онҳо дар диёри ғурбат мебошанд, гирд оварда шудаанд.

Дар ин бора Холиқназар Ҷумъаев дар саҳфаи фейсбуки худ хабар дод. Ӯ гуфт, "ҳар нафаре, ки ин китобро мехонад, дар он яке аз аъзои хонаводаашро хоҳад дид, зеро оила нест, ки дар он муҳоҷир набошад".

Қисмати дуюми китоб маҷмуи хотираҳо ва латифаҳои хаҷвиро дар бар мегирад.

Дар охири китоб ду тарона ва рӯйхати тобутҳои муҳоҷирони омада аз чор деҳаи шаҳри Панҷакент ҷой карда шуда, бо шеъре бо номи "Дуо" ҷамъбаст мешавад.

Мақомоти Русия мегӯянд, ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар он кишвар кору иқомат доранд. Ҷониби Тоҷикистон ин рақамро 600 ҳазор ҳисоб кардааст. Солона садҳо нафари онҳо дар пайи беморӣ, садама ва ҳодисаҳои дигари нохуш ҷони худро аз даcт медиҳанд.

Ба ҳисоби миёна соле то ҳазор тобути муҳоҷиронро аз Русия ба Тоҷикистон меоранд. Ба иттилои расмӣ, дар шаш моҳи аввали имсол беш аз 480 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа ва бахусус Русия ҷон додаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG