Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тирпаронӣ дар Покистон сарвазири пешин, Имрон Хон, захмӣ шуд


Имрон Хон бо ҷонибдоронаш
Имрон Хон бо ҷонибдоронаш

Имрон Хон, сарвазири пешини Покистон, рӯзи 3-юми ноябр дар тирпаронӣ дар шарқи ин кишвар захмӣ шудааст. Дар ин бора расонаҳои Покистон гузориш доданд.

Ба навиштаи расонаҳо, Имрон Хон аз пояш тир хӯрдааст ва ӯро ба шифохона бурданд. Ёвараш ва вазири пешини иттилооти Покистон, Фавод Чаудрӣ, аз шарҳи ҳодиса худдорӣ кард.

Ба иттилои хабаргузории “Ройтерс”, марде бо силоҳ ба ҷуз аз Имрон Хон чанд нафари дигарро захмӣ кардааст.

Собиқ нахуствазири 70-сола эътирозҳоро бо талаби баргузории интихоботи фаврӣ дар Исломобод раҳбарӣ мекард.

Кумисюни интихоботии Покистон моҳи октябр эълон кард, ки Имрон Хон ба сабаби ғайриқонунӣ фурӯхтани туҳфаҳои раҳбарони кишварҳои хориҷӣ дар давраи маъмурияташ ба муҳлати панҷ сол аз ҳаққи иштирок дар интихобот маҳрум аст.

Дар вокуниш ба ин қарор ҳизби “Таҳрики инсоф”-и Хон мардумро ба раҳпаймоии эътирозии сулҳомез даъват кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG