Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигор Семетай Талас уулу ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуд


Семетай Талас уулу
Семетай Талас уулу

Рӯзноманигори қирғизистонӣ Семетай Талас уулу бо қарори Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ба ҳабси хонагӣ гирифта шудааст.

Бино ба иттилои додгоҳ, ӯ то 7-уми декабри имсол дар ҳабси хонагӣ мемонад.

Рӯзноманигор дар додгоҳ гуфт, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар бораи Афғонистон матлаберо бознашр карда буд, вале баъдан онро ҳазф намуд.

“Он ба воқеаҳои таърихӣ, аз ҷумла ба ҳузури нерӯҳои Шӯравӣ ва Амрико дар он кишвар бахшида шуда буд. Маро барои бозпурсӣ даъват карданд ва боздошт карданд. Моҳи феврал аз хонаам китобҳоеро, ки бо розигии муфтиёт нашр мешуданд, мусодира карданд. Дар онҳо ҳеч чизи шубҳаовар наёфтанд. Ман Исломи суннатиро пайравӣ мекунам ва ин пайвандро тасодуфан паҳн карда будам," - гуфт ӯ.

Семетейи 41-сола гуфт, ки дар доираи парвандаи "Паҳнсозии маводи тундгароёна" ҳамчун шоҳид гузаштааст.

Вай дар масъалаи обанбори Кампиробод, ки мебоист, миёни Қирғизистону Узбекистон тақсим шавад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори назар мекард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG