Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза барои медалҳо ва дар лигаи олӣ мондан идома дорад


Дастаҳои футболи тоҷик. Акс аз бойгонӣ.
Дастаҳои футболи тоҷик. Акс аз бойгонӣ.

Бозиҳои даври нуздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар гурӯҳҳои “А” ва “Б” натиҷагирӣ шуданд.

Дар гурӯҳи “А” дастаи “Хатлон”-и Бохтар дар майдони худ КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанберо бо ҳисоби 4:3 мағлуб кард. Бозии дигари даври 19-ум дар ин гурӯҳ миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт.

Дар гурӯҳи “Б” дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар сафар «Файзканд»-и Восеъро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Бозии дигари даври 19-ум дар ин гурӯҳ миёни дастаҳои “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд ва “Равшан”-и Зафаробод бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.

Аз рӯи натоиҷи марҳилаи аввал панҷ дастаи беҳтарин дар гурӯҳи “А” дар як давра бозӣ карда, дар ҷадвали мусобиқот ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро ишғол мекунанд. Инҳо дастаҳои “Истиқлол” (Душанбе), “Хатлон” (Бохтар), “Равшан” (Кӯлоб), “Хуҷанд” (Хуҷанд) ва КМВА (Душанбе) мебошанд.

Панҷ дастаи боқимонда – “Истаравшан” (Истаравшан), “Файзканд” (Восеъ), “Эсхата” (Хуҷанд), “Равшан” (Зафаробод) ва “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - дар гурӯҳи «Б» дар як давра бозӣ карда, ҷойҳои аз 6-ум то 10-умро ишғол менамоянд ва барои нигоҳ доштани мавқеашон дар лигаи олӣ талош меварзанд.

Ду дастае, ки дар ҷадвал ҷойҳои охирро мегирад, ба лигаи аввал мегузарад. Дар маҷмӯъ, ҳар даста дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ «Истиқлол»-и Душанбе бо касби 39 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Хатлон”-и Бохтар бо касби 31 имтиёз дар ҷойи дувум ва «Равшан»-и Кӯлоб бо касби 29 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ

Даври 19-ум. Гурӯҳи «А»

31 октябр (душанбе)

«Хатлон» – КМВА – 4:3

Голҳо: Тоҳирҷон Тағойзода, 11 (1:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 15 (2:0). Хуршед-Темур Ҷӯраев, 17 (2:1). Аласса Монгбет, 18 (2:2). Рустамҷон Қучқоров, 50 (3:2). Комрон Иброҳимов, 60 (3:3). Тоҳирҷон Тағойзода, 61 (4:3).

«Равшан» (Кӯлоб) «Хуҷанд» - 3:3

Голҳо: Хушнудбек Бозоров, 13 (0:1). Шодиҷон Муродов, 29 (1:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 50 (1:2). Абдухалил Боронов, 54 (2:2). Абдухалил Боронов, 82 (3:2). Ҷаҳонгир Эргашев, 84 (3:3).

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «А»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

18

11

6

1

38-11

39

2

«Хатлон» (Бохтар)

19

8

7

4

20-14

31

3

«Равшан» (Кӯлоб)

19

7

8

4

23-20

29

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

19

7

7

5

24-16

28

5

КМВА (Душанбе)

19

7

4

8

25-28

25

Даври 19-ум. Гурӯҳи «Б»

1 ноябр (сешанбе)

«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ» - 0:1

Гол: Фатҳулло Фатҳуллоев, 65 – аз пеналти.

«Эсхата» – «Равшан» (Зафаробод) – 1:1

Голҳо: Бахтиёр Зарипов, 82 (0:1). Роман Хибаба, 88 (1:1).

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «Б»

6

«Истаравшан» (Истаравшан)

18

6

4

8

23-19

22

7

«Файзканд» (Восеъ)

19

6

4

9

18-30

22

8

«Эсхата» (Хуҷанд)

19

5

6

8

23-30

21

9

«Равшан» (Зафаробод)

19

4

8

7

20-35

20

10

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

19

4

4

11

14-25

16

Голзанҳои пешсаф: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 12 тӯб, Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Эсхата») – 10-тӯбӣ.

Даври 20-ум. Гурӯҳи «А»

4 ноябр (ҷумъа)

Оғози бозӣ соати 14:30

«Истиқлол» – «Хатлон»

5 ноябр (шанбе)

Оғози бозӣ соати 14:30

КМВА – «Равшан» (Кӯлоб)

Даври 20-ум. Гурӯҳи «Б»

6 ноябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 14:30

«Регар-ТадАЗ» – «Эсхата»

«Истаравшан» – «Файзканд»

Даври 21-ум. Гурӯҳи «А»

9 ноябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо соати 14:30

«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол»

«Хуҷанд» – КМВА

Даври 21-ум. Гурӯҳи «Б»

10 ноябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 14:30

«Эсхата» – «Истаравшан»

11 ноябр (ҷумъа)

Оғози бозӣ соати 14:30

«Равшан» (Зафаробод) – «Регар-ТадАЗ»

Бозиҳои ду даври охирини қаҳрамонии кишвар пас аз бозиҳои дӯстонаи тими миллӣ, ки дар даҳаи дуюми моҳи ноябр ба нақша гирифта шудааст, барпо мегарданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG