Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доварони бозии дӯстонаи мунтахабҳои футболи Тоҷикистон ва Русия аз Узбекистон мебошанд


Илгиз Танташев, довари ФИФА аз Узбекистон.
Илгиз Танташев, довари ФИФА аз Узбекистон.

Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Русияро, ки рӯзи панҷшанбе, 17-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ҳакамон аз Узбекистон доварӣ мекунанд, хабар медиҳад сомонаи расмии Созмони футболи Русия (rfs.ru).

Ба иттилои манбаъ, довари ФИФА Илгиз Танташеви 38-сола сардовари бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Русия таъйин шудааст. Ба ӯ ҳамватанҳояш - ёварони довари ФИФА Темур Гайнуллини 40-сола ва Андрей Сапенкои 35-сола кӯмак хоҳанд кард.

- Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, рӯзи 10-уми ноябр дар Душанбе ҷамъ омада, омодагиро ба бозии дӯстона муқобили мунтахаби Русия шуруъ менамоянд, - хабар додааст сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (fft.tj).

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона рӯзи чоршанбе, 9-уми ноябр, пас аз анҷоми бозиҳои даври 21-уми мусобиқаи лигаи олӣ дар гурӯҳи «А» эълон мешавад. Сармураббӣ Петр Сегрт нақша дорад, ки ба бозӣ муқобили мунтахаби Русия 28 бозигарро даъват намояд.

Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Русия рӯзи панҷшанбе, 17-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 20:00 (соати 18:00 ба вақти Маскав) оғоз меёбад.

Зимнан, мунтахаби Русия бо тасмими FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) аз ҳаққи ширкат дар Лигаи миллии UEFA (Созмони футболи Аврупо) ва бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бо мунтахаби Полша (Лаҳистон) маҳрум шуда буд, инчунин дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Аврупо — 2024 иштирок намекунад.

Мунтахаби Русия бо роҳбарии сармураббӣ Валерий Карпин моҳи сентябри имсол бо тими миллии Қирғизистон бозии дӯстона анҷом дод. Ин бозӣ, ки дар Бишкек доир гардид, бо пирӯзии футболбозони русиягӣ бо ҳисоби 2:1 ба поён расид.

Бояд гуфт, ки тимҳои миллии Тоҷикистон ва Русия аввалин бор дар таърихи худ бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Барои мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, бозии дӯстона бо тими миллии Русия як давраи омодагии даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад.

Дарвоқеъ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи июни соли равон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» дар Бишкеки Қирғизистон ғолиб гардид ва бори аввал дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии қора роҳ ёфт.

Дар ҳамин ҳол дар радабандӣ ё рейтинги FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) мунтахаби Русия дар байни 211 кишвар дар ҷойи 33-юм ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 108-ум қарор доранд.

Бозии дӯстона

17 ноябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 20:00

Тоҷикистон – Русия

Сардовар: Илгиз Танташев (Узбекистон).

Кӯмакдоварон: Темур Гайнуллин, Андрей Сапенко (ҳарду аз Узбекистон).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG