Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед: Кореяи Шимолӣ ба Русия махфиёна аслиҳа медиҳад


Раҳбарони Русия ва Кореяи Шимолӣ.
Раҳбарони Русия ва Кореяи Шимолӣ.

ИМА Кореяи Шимолиро дар махфиёна интиқол додани аслиҳа ба Русия гумонбар мекунад. Дар ин бора телевизиони CNN бо такя ба мақомоти иктишофии амрикоӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои мақомоти иктишофии ИМА, Кореяи Шимолӣ талош дорад, нишон диҳад, ки аслиҳааш ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ меравад, аммо дар воқеъ он аслиҳа ба Русия равона мешавад.

Дар моҳи сентябр иктишофи ИМА хабар дода буд, ки Русия аз Кореяи Шимолӣ гулӯла ва мушакҳои идоранашаванда мехарад.

Намояндагони Русияву Кореяи Шимоль ин иттилоъро шарҳ надодаанд.

Пештар аз ин маълум шуд, ки Русия аз Эрон бесарнишинҳои навъи "Шаҳид-136" ворид кардааст. Мақомоти Русияву Эрон ин иттилоъро расман рад мекунанд. Бисёре аз коршиносон мегӯянд, артиши Русия бо камбуди аслиҳа рӯ ба рӯст.

XS
SM
MD
LG