Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии 35 гумонбари дигар дар бетартибиҳои Қарақалпоқистон


Раҳоии гумонбарон. Узбекистон, 1-уми ноябри 2022
Раҳоии гумонбарон. Узбекистон, 1-уми ноябри 2022

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Узбекистон хабар дод, ки 35 гумонбари дигар дар бетартибиҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон дар асоси кафолати давлатӣ ба назди хонаводаҳои худ баргаштанд.

"Додситонии кулли Узбекистон 1-уми ноябри соли 2022 бо пешниҳод ва дархости Маҷлиси Қарақалпоқистон дар асоси кафолати давлатӣ 35 гумонбари дигарро ба назди хонаводаҳояшон баргардонд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Манбаъ афзудааст, шумори гумонбароне, ки бо ташаббуси кумисюни давлатӣ аз боздоштгоҳ ба назди хонаводаҳояшон баргаштаанд, ба 107 нафар расид.

Рӯзҳои 1-2-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон зидди тағйир додани мақоми конститутсионии ин ҷумҳурӣ гирдиҳамоӣ ташкил шуд.

Нер=ҳои қудратии Узбекистон гирдиҳамоиро пахш карданд. Ба иттилои расмӣ, дар он ҳодисаҳо 21 кас кушта ва 243 кас маҷруҳ гардидааст. Мақомот 516 тани дигарро боздошт карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG