Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13 медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии таеквондо


Варзишгарони тоҷик аз севумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таеквондо (WT) “Namangan Open”, ки рӯзҳои 25-29-уми октябр дар шаҳри Намангони Узбекистон баргузор шуд, бо 13 медал (6 тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ) баргаштанд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа ба ҷуз аз мизбонон – варзишгарони Узбекистон, меҳмонон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Эрон ва Покистон ширкат карданд. Рақобатҳо миёни кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва бузургсолон сурат гирифт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 37 варзишгар дохил буд. Дар сабқати бузургсолон Бахтовар Шарипов дар равияи пумсэ ва Мунира Абдусаломова дар вазни +73 кг медали тило, Акбарҷон Бобоназаров дар равияи пумсэ медали нуқра, Лоиқ Давлатзода дар вазни -58 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Миёни ҷавонон Муҳаммадризо Шукуров, ки дар вазни -55 кг ҷойи дувумро гирифт, бо медали нуқра мукофотонида шуд. Миёни наврасон Абдуҷаъфар Баҳодурзод дар вазни -49 кг бо медали тило сарфароз гашт.

Дар рақобатҳо миёни кӯдакон Муҳаммад Шарипов дар вазни -24 кг, Акрамҷон Насриев дар вазни -26 кг, Мубориз Ёрасенов дар вазни -32 кг ҷойҳои аввал, Анвар Аҳмадзода дар вазни -24 кг, Олия Муродова дар вазни -27 кг ҷойҳои дувум, Абубакр Каримов дар вазни -2 3кг, Муҳаммад Давлатов дар вазни -28 кг ҷойҳои севумро сазовор гаштанд.

Зимнан, 1-уми ноябр дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Конфронси миллии Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҷаҳонзеб Қармишев, ки аз соли 2017 раиси Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон буд, аз вазифааш истеъфо дод. Зайнулло Шарифзода – мудири Оҷонсии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси нави Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон интихоб шуд.

XS
SM
MD
LG