Пайвандҳои дастрасӣ

AP: Саудӣ Амрикоро аз "хатари ҳамлаи эҳтимолии Эрон" огоҳ кардааст


Cе мақоми амрикоӣ рӯзи 1-уми ноябр ба хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" гуфтанд, Арабистони Саудӣ маълумотеро дар ихтиёри Вашингтон гузоштааст, ки нишон медиҳад, Эрон эҳтимол барои ҳамлаи қарибулвуқуъ ба Арабистон омода мешавад. Яке аз ин мақомҳои амрикоӣ гуфтааст, маълумот аз эҳтимоли ин ҳамла дар ояндаи наздик ё 48 соати оянда ҳикоят дорад. Теҳрон Риёзро муттаҳам кардааст, ки ба эътирозгарон дар Эрон мадад мекунад.

Як мақоми дигар низ дар ҳамин бора ба шабакаи хабарии CNN гуфтааст, маълумоти мубодилашуда байни Иёлоти Муттаҳида ва Арабистони Саудӣ нишон медиҳад, ки Эрон эҳтимол дар ҳоли барномарезӣ барои як ҳамлаи зудрас ба зерсохторҳои энержӣ дар Ховари Миёна, ба вижа дар Арабистони Саудӣ мебошад.

Як мансабдори Арабистони Саудӣ ба CNN гуфтааст, Риёз маълумоте дар мавриди як "ҳамлаи эҳтимолӣ"-ро дар ихтиёри Амрико гузоштааст. Аммо ин манбаъ маълумоти дақиқе дар мавриди ин ҳамла ироа накардааст.

Ин мақоми амрикоӣ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, сатҳи муҳофизат аз нерӯҳои низомии ИМА-ро дар минтақа афзоиш надодаанд, зеро гумон намеравад, ки нерӯҳои низомии Амрико ҳадафи чунин ҳамлаҳо бошанд. Як мақоми дигари амрикоӣ ҳам ба CNN гуфтааст, ҳавопаймоҳои ҷангии F-22-и Амрико дар ҳоли ҳозир дар Арабистони Саудӣ барои муқобила бо ҳар гуна таҳдиде дастрас ҳастанд.

Дар ҳамин замина, Нед Прайс, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар посух ба пурсише дар ин замина гуфт, ИМА "нигарон"-и ин таҳдид аст ва аз тавассути шабакаҳои низомӣ, дипломатӣ ва истихборотӣ бо Арабистони Саудӣ дар тамоси доимӣ мебошад. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико таъкид кард, ки ИМА аз манофеи худ ва шариконаш дар минтақа дифоъ хоҳад кард.

Рӯзномаи The Wall Street Journal рӯзи сешанбе гузориш дод, ки Риёз маълумотеро дар ихтиёри Вашингтон гузоштааст, ки бар асоси он Эрон ният дорад мавзеъҳоеро дар хоки Арабистони Саудӣ нишон гирад.

The Wall Street Journal ба нақл аз мақомоти саудӣ ва амрикоӣ навишта буд, ки Арабистони Саудӣ, Амрико ва чандин кишвари минтақа бо таваҷҷуҳ ба ин маълумот, сатҳи ҳушдор барои нерӯҳои низомии худро афзоиш додаанд.

Манбаъҳои огоҳ ба CNN гуфтаанд, ИМА бар ин бовар аст, ки Эрон мумкин аст талош кунад, таваҷҷуҳро ба сӯи Арабистони Саудӣ бигардонад, зеро Теҳрон Риёзро ба ёрии эътирозгарон муттаҳам мекунад.

Як мақоми огоҳи амрикоӣ ҳам дар гуфтугӯ бо "Ассошиэйтед Пресс" зимни таъйиди табодули маълумот байни Арабистони Саудӣ ва Амрико дар хусуси ҳамлаи эҳтимолии Эрон гуфтааст, бар асоси ин маълумот, эҳтимол ин ҳамлаҳо дар 48 соати оянда рӯй хоҳанд дод. "Ассошиэйтед Пресс" мегӯяд, бо ин ҳол, ҳеч яке аз сафоратҳои Амрико дар минтақа сатҳи ҳушдори амниятиро афзоиш надодаанд.

Дар пайи идомаи эътирозҳои саросарӣ дар Эрон, фармондеҳи Сипоҳи посдорони Эрон рӯзи шанбе ба Арабистони Саудӣ ҳушдор дод, ки бинобар бозтоби хабарии эътирозҳо аз сӯи шабакаҳои телевизионии моҳвораии зери ҳимояти ин кишвар, бояд дар интизори посухи Ҷумҳурии Исломӣ бошад.

Сипоҳи посдорон чанд ҳафта пеш ва дар авҷи эътирозҳо ба марги Маҳсо Аминӣ, мавзеъҳоеро дар Ирбил, маркази иқлими Курдистони Ироқ ва шаҳри Сулаймония ҳадаф қарор дод. Нерӯҳои заминии Сипоҳ эълом карда буд, ки 72 мушаки миёнапарвози "Замин ба Замин" ва даҳҳо ҳавопаймоҳои бе сарнишинро дар ин ҳамлаҳо истифода кард.

Арабистон ҳам мегӯяд, ки иқдоми эҳтимолии Эрон, барои дур кардани афкори умумӣ аз эътирозҳо дар дохили ин кишвар аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG