Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии тими миллии футзали Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Русия


Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Русия, ноиби қаҳрамони Аврупо, шуруъ кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии тими миллии кишвар Пайрав Воҳидов ҷиҳати омодагӣ ба бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби Русия 16 бозигар – 2 дарвозабон ва 14 бозигари майдониро даъват намудааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Русия:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Муродулло Алиқулов («Амонатбанк»);

Бозигарон: Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, Дилшод Саломов, Муҳаммадҷон Шарипов, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов, Насим Шарипов (ҳама аз «Соро компания»), Рустам Ҳамидов, Абдуқаюм Умаров, Нусратшо Исмоилов (ҳарсе аз «Истиқлол»), Шавкат Ҳалимов, Умед Қузиев, Иқбол Воситзода (ҳарсе аз «Сипар»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

Бозиҳои дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Русия рӯзҳои 7-ум ва 8-уми ноябр дар Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе – Қасри теннис ва намудҳои варзиши обӣ - доир мегарданд. Оғози бозиҳо – соати 20:00. Нархи билети муқаррарӣ - 30 сомонӣ, билети VIP - 100 сомонӣ.

Бозиҳои дӯстона

7-уми ноябр (душанбе)

Оғози бозӣ соати 20:00

Тоҷикистон Русия

Душанбе, Қасри теннис ва намудҳои варзиши обӣ

8-уми ноябр (сешанбе)

Оғози бозӣ соати 20:00

Тоҷикистон Русия

Душанбе, Қасри теннис ва намудҳои варзиши обӣ

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки моҳи сентябри имсол дар Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт дар бозии аввалаш тими миллии Баҳрайнро бо ҳисоби 4:3 шикаст дода, дар бозии дувумаш аз мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд, баъди пирӯзӣ дар бозии севумаш бар мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 8:5 дар гурӯҳи “В” бо шаш имтиёз ҷойи дувумро гирифт ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Вале мунтахаби Тоҷикистон дар чорякфинал аз тими миллии Тайланд бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи ширкат дар нимфинали мусобиқот маҳрум гашт.

Зимнан, мунтахаби Тоҷикистон, ки бори дувум дар таърихи худ ба чорякфинали қаҳрамонии Осиё роҳ ёфт, ба мисли соли 2007 дар Ҷопон дар даври чорякниҳоӣ ноком шуд ва дар байни панҷ дастаи беҳтарини қора ҷой гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG