Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дар Афғонистон пулиси занона таъсис доданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҳаракати тундгарои "Толибон", ки дар Афғонистон қудратро дар даст дорад, бахши пулиси занона таъсис додааст.

Барои кор дар ин бахш заноне даъват мешаванд, ки дар вазорати корҳои дохилии ҳукумати пешини Афғонистон фаъолият мекарданд. Наздики 100 зан барои кор дар бахши занонаи пулис омода мешаванд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳукумати зери раҳбарии Толибон мехоҳад, бо ин шева аз вокуниши ҷомеа ба хушунатҳо нисбати занон пешгирӣ кунад ва ҳангоми сар задани эътирозҳои занон пулисзанҳоро равона кунад.

Чанд рӯз пеш дар шаҳри Кобули Афғонистон хатмкардаҳои донишгоҳҳо бо талаби иҷозаи таълим додани занон ва кори онҳо дар муассисаҳои давлатӣ роҳпаймоӣ карданд.

XS
SM
MD
LG