Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоир Ҷӯрабоев: муқобили тими Русия муборизаи сахт хоҳем бурд


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон.

Тими миллии футболи Тоҷикистон бо мунтахаби Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозӣ рӯзи панҷшанбе, 17-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 20:00 оғоз меёбад.

Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барои баргузории ин бозӣ миёни созмонҳои футболи ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Зимнан, мунтахаби Русия бо тасмими FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) аз ҳаққи ширкат дар Лигаи миллии UEFA (Созмони футболи Аврупо) ва бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бо мунтахаби Полша (Лаҳистон) маҳрум шуда буд, инчунин дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Аврупо — 2024 иштирок намекунад.

Зоир Ҷӯрабоев, ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон, ки феълан дар бошгоҳи “Сурхон”-и Тирмизи Узбекистон бозӣ мекунад, дар мусоҳиба бо хабарнигори Metaratings.ru гуфт, “мунтахаби Русия дастаи хеле хуб аст. Фикр мекунам, Русия дар сатҳи беҳтарин дастаҳои Осиё - Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ - қарор дорад. Агар легионерҳоро ба назар нагирем, Ҷикия, Сафонов, Бариновро пешсафони тими миллии Русия мешуморам. Инчунин Смолов, агар ӯро даъват кунанд, Чалов дар ҳолати хуби варзишӣ аст.”

Мунтахаби Русия ахиран бо Қирғизистон бозии дӯстона кард. Ин бозӣ, ки дар Бишкек доир гардид, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 2:1 ба поён расид.

- Шояд дар бораи тими мо дар Русия кам маълумот дошта бошанд. Аммо ҳоло мо як дастаи хуб дорем, ивазшавии наслҳо ба амал омад. Дар давоми якуним-ду соли охир ҳайат хеле ҷавон шуд. Натиҷаҳо низ беҳтар шуданд - мо бори аввал ба Ҷоми Осиё роҳ ёфтем. Ҷоми шоҳро, ки моҳи сентябр дар Тайланд баргузор шуда буд, ба даст овардем. Дар он ҷо рақибони мо дастаҳои мунтахаби Тайланд, Тринидад ва Тобаго ва Малайзия буданд”, - гуфтааст Зоир Ҷӯрабоев ба хабарнигори Metaratings.ru.

Ин футболбози 24-солаи тоҷик ба ин назар аст, ки бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Русия ба иди ҳақиқии футбол табдил меёбад. - Мо ба худ бовар дорем ва бо вуҷуди он ки ин рақиби сатҳи баландтар аст, муқобили тими Русия муборизаи сахт хоҳем бурд”, - гуфтааст Зоир Ҷӯрабоев.

Бояд гуфт, ки тимҳои миллии Тоҷикистон ва Русия аввалин бор дар таърихи худ бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Барои мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, бозии дӯстона бо тими миллии Русия як давраи омодагии даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 маҳсуб мешавад.

Дарвоқеъ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи июни соли равон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» дар Бишкеки Қирғизистон ғолиб гардид ва бори аввал дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии қора роҳ ёфт.

Дар ҳамин ҳол дар радабандӣ ё рейтинги FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) мунтахаби Русия дар байни 211 кишвар дар ҷойи 33-юм ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 108-ум қарор доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG