Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия барномаи содироти ғаллаи Украинаро боздошт. Амрико танқид кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Иёлоти Муттаҳида мақомоти Русияро барои боздоштани созишномае бо миёнравии Созмони Милал, ки содироти ғаллаи Украинаро тавассути Баҳри Сиёҳ имконпазир мекард, сахт танқид кард. Вашингтон гуфт, Маскав “ғизоро ҳамчун силоҳ” истифода мекунад”.

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 30-юми октябр аз Маскав хост, “иҷрои созишномаро аз сар бигирад”.

Ба иттилои ӯ, созишнома имкон додааст, аз охири моҳи июли имсол беш аз 9 миллион тонна ғаллаи Украина содирот шуда, нархи орду гандум дар гӯшаҳои ҷаҳон поин биояд.

Русия рӯзи 29-уми октябр ба дабири кулли Созмони Милал Антонио Гутерриш гуфт, иҷрои созишномаро бозмедорад, зеро наметавонад, “бехатарии киштиҳои ғайринизомӣ”-ро кафолат бидиҳад.

Маскав ҳамчунин “ҳамлаҳои террористӣ”-ро дар наздикии минтақаи ишғолшудаи Қрими Украина далели боздошти барнома номид.

Ҷозеп Боррел, масъули равобити хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар паёме дар Твиттер аз Русия даъват кард, ки “тасмими худро бознигарӣ кунад”.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хост, Русия аз Гурӯҳи 20 иқтисоди пешрафтаи ҷаҳонӣ (G20) ронда шавад.

Президенти Амрико Ҷо Байден тасмими Маскавро “комилан хашмгинона” номид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG