Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ба таҷдиди созишномаи содироти гандум даъват кард


Киштие бо гандуми украинӣ дар соҳилҳои Туркия
Киштие бо гандуми украинӣ дар соҳилҳои Туркия

СММ аз ширкатдорони ҷараёни содироти гандум аз Украина хостанд, ки ин созишномаро нав ва тамдид кунанд. Мӯҳлати созишномае, ки барои 120 рӯз имзо шуда буд, 19-уми ноябр ба анҷом мерасад ва, ба гуфтаи Стефан Дуяррич, сухангӯи СММ, барномаи бо номи “Ташаббуси гандуми баҳри Сиёҳ” бояд нав шавад ва ҳамаи саддҳо, аз ҷумла, дар содироти гандум ва нуриҳои минералӣ аз Русия бардошта шаванд”.

Ӯ гуфт, ки чунин зарурат ба хотири пешгирӣ аз бӯҳрони ҷаҳонии ғизо, таъмини амнияти ғизо ва наҷоти ҷони миллионҳо нафароне, ки дар фақр ба сар мебаранд, муҳим аст.

Рӯзи 22-уми июл Русияву Украина бо миёнаравии СММ ва Туркия барои берун кардани маҳсулоти кишоварзӣ аз соҳилҳои Одесса, Черноморск ва Южний созишнома имзо карданд ва аз он замон то кунун 9 миллиард тонна гандум ва зироат аз хоки Украина берун бароварда шуд.

Маскав баъди ин шикоят кард, ки бо сабаби таҳримҳо наметавонад нуриҳои минералии худро ба бозори ҷаҳонӣ барорад, вале ин иддаоро Аврупову Ғарб беасос меноманд, чун на гандум ва на нуриҳои минералӣ дар таҳримҳои ғарб ворид нашудаанд. Ахиран Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА гуфт, ки агар Маскав созиши содироти гандумро тарк кунад, бо “ғазаби сахти” кишварҳои ҷаҳон рӯбарӯ мешавад.

XS
SM
MD
LG