Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти раҳбарони ОМ ва масъули ИА дар Қазоқистон


Шарл Мишел ва Қосимҷомарт Тоқаев. Остона, 27-уми октябри 2022
Шарл Мишел ва Қосимҷомарт Тоқаев. Остона, 27-уми октябри 2022

Дар ҷаласаи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар пойтахти Қазоқистон масоили ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва мушкили доғи байнулмилалиро баррасӣ хоҳанд кард. Нишаст 27-уми октябр баргузор мешавад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи панҷшанбе бо ҳадафи ширкат дар ин ҷаласа ба Остона рафт.

Дар ин ҷаласа раҳбари Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ширкат мекунад.

Дар остонаи сафараш ба Осиёи Марказӣ чанд созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз Шарл Мишел хостанд, дар мулоқот бо раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ нигарониҳоро дар заминаи бад шудани вазъи ҳуқуқи инсон матраҳ кунад.

Ба иттилои расонаҳо, Шарл Мишел дар ин сафар чанд мулоқоти дуҷонибае барпо мекунад, вале феълан хабаре дар бораи эҳтимоли мулоқоти ҷудогонааш бо президенти Тоҷикистон дар даст нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG