Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FP: "Русия нерӯҳои пешини Афғонистонро барои ҷанг дар Украина мегирад"


Нерӯҳои вижаи ҳукумати пешини Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.
Нерӯҳои вижаи ҳукумати пешини Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.

Маҷаллаи амрикоии Foreign Policy дар гузориши нави худ мегӯяд, Русия дар ҳоли ба хидмат гирифтани нерӯҳои вижаи ҳукумати пешини Афғонистон аст.

Лунне О'Доннелл, рӯзноманигори австралиягӣ ва муаллифи гузориш, гуфтааст, баъзе аз аъзои нерӯҳои вижаи артиши ҳукумати пешини Афғонистон гуфтаанд, барои пайвастан ба артиши Русия барои ҷанг дар Украина бо онҳо тамос гирифта шудааст.

Ин маҷалла дар идома аз қавли як мақоми пешин, ки афсари нерӯҳои вижаи афғон низ буда ва аз ифшои номаш худдорӣ кардааст, навишт, ба бовари ӯ ширкати русии "Вагнер" дар пайи ҷалби нерӯҳои хоси Афғонистон аст.

"Вагнер" як ширкати сиррӣ аст, ки расман вуҷуд надорад, аммо тасаввур мешавад, ки аз сӯи Евгений Пригожин, яке аз ҳамкорони ҳукумати Путин таъсис шуда ва эҳтимол буҷети он тавассути Идораи истихбороти низомии Русия таъмин мешавад.

Теъдоди дақиқи нерӯҳои вижаи ҳукумати барканоршудаи Афғонистон маълум нест. Дар ин гузориш омадааст, ки аз 20 то 30 ҳазор нерӯи вижаи афғон пас аз бозгашти Толибон ба қудрат ба тобистони порсол бесарнавишт монданд.

Толибон бо вуҷуди афви умумӣ, афроди ҳукумати пешинро таҳти таъқиб қарор доданд. Тибқи баъзе гузоришҳо, чандсад низомии пешини афғон аз сӯи Толибон кушта шудаанд.

Ба навиштаи Foreign Policy, вақте Амрико рӯзи 31-уми августи соли 2021 маъмурияти тақрибан бистсолаашро дар Афғонистон ба поён расонд, танҳо чанд мансабдори баландпояи нерӯҳои вижаи афғон аз Афғонистон ба хориҷ мунтақил шуданд.

Яке аз ҳазорон нерӯҳои артиши миллии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки фармондеҳи баландпояи яке аз воҳидҳои низомӣ буд ва акнун бесарнавишт аст. Ин низомии пешини афғон, ки ба иллати таҳдидҳои амниятӣ аз ифшои номаш ва маҳалли зиндагиаш худдорӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чанде қабл яке аз дӯстонаш ба ӯ пешниҳод кард, ки метавонад дар Русия кор кунад.

"Ба ман пешниҳод кард, ки агар мехоҳам аз кишвар хориҷ шуда ва барои кор ба Русия биравам, ӯ метавонад мадад кунад ва ба дигар дӯстонам ҳам хабар бидиҳам, ки ин имкон вуҷуд дорад. Ба сафорати Русия ҳамла шуд ва барои муддате баста монд. 90 дарсад ин имкон вуҷуд дорад, зеро касоне, ки дар артиши пешин кор мекарданд, бесарнавишт ва маҷбур ҳастанд",-афзуд ӯ.

Ин фармондеҳи низомии пешин афзудааст, ки ҳудуди 400 сарбоз зери фармондеҳиаш буданд ва ӯ дар минтақаҳои гуногун, аз ҷумла дар вилоятҳои Нангарҳор, Ҳилманд ва Қандаҳор дар амалиёти низомӣ дар он замон дар баробари Толибон иштирок карда буд.

Ҳанӯз маълум нест, ки чӣ теъдод аз нерӯҳои вижаи афғон аз сӯи Русия ба кор гирифта шудаанд. Аммо гузоришҳое дар мавриди фирори ин нерӯҳо ба Эрон вуҷуд дорад.

Эрон аз ҳомиёни Русия дар ҷанги Украина аст. Тибқи гузоришҳо, Теҳрон мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар ихтиёри Русия гузоштааст. Чанд моҳ пеш Конгресси Амрико дар гузорише гуфт, баъзе аз нерӯҳои вижаи афғон, ки аз сӯи Иёлоти Муттаҳида омӯзиш дида буданд, маҷбур шуданд, ба Эрон фирор кунанд.

Як узви ҷумҳурихоҳи Конгресс дар гузорише гуфта буд, ки агар ин нерӯҳо маҷбур шаванд бо як душман, аз ҷумла гурӯҳҳои тундраве монанди Шохаи Хуросони гурӯҳи террористии ДОИШ ва ё бозигарони давлатӣ монанди Чин, Русия ва Эрон ҳамкор шаванд, мумкин аст таҳдиде барои амнияти Амрико эҷод кунанд.

Бар асоси гузориши Foreign Policy, Амрико зарфи тақрибан 20 сол ҳудуди 90 миллиард долларро барои ташкили нерӯҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон харҷ кард. Нерӯҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон бо тавоноиҳо ва сустиҳояшон саранҷом фурӯ пошиданд.

Дар мавриди тавоноиҳои нерӯҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон ҳамеша танқидҳо вуҷуд доштааст. Ҳам мақомҳои афғон ва ҳам муттаҳидони ғарбиашон бо як садо мегуфтанд, ки нерӯҳои вижаи он кишвар дар сатҳи минтақа беназир буданд, чунки аз сӯи нерӯҳои Амрико ва Хадамоти вижаи Бритониё омӯзиш дида буданд.

Яке аз нигарониҳои матраҳшуда аз сӯи бархе аз аъзои Конгресси Амрико ин аст, ки мумкин аст ин нерӯҳо маълумоти ҳассоси омӯзиши низомиро дар ихтиёри Теҳрон -- аз дӯстони минтақаии Русия қарор диҳанд. Баъзе аз коршиносони низомии Афғонистон ба ин боваранд, ки агар Русия бархе аз нерӯҳои вижаи афғонро истихдом кунад, мумкин аст, дар ҷанги Украина ба нафъаш тамом шавад.

Дар мавриди эҳтимоли гумоштани нерӯҳои вижаи ҳукумати пешини Афғонистон аз сӯи Русия дар ҷанг бо Украина дар ҳоле сухан гуфта мешавад, ки ба иттилои мақомоти ғарбӣ, Русия дар ҷанги Украина бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ аст ва нерӯҳои украинӣ минтақаҳои зиёдеро, ки Маскав ҳашт моҳ пеш ишғол карда буд, пас гирифтаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG