Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар қаҳрамонии CAFA Узбекистон ғолиб, Эрон дуюм ва Тоҷикистон сеюм шуданд


Мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни духтарони то 15-сола, ки аз 21-ум то 25-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, бо пирӯзии мунтахаби Узбекистон ба поён расид.

Дар даври охирини мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон аз тими Эрон бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Дар даври аввал духтарони футболбози тоҷик аз мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 0:6 шикаст хӯрда буданд.

Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби духтарони зери 15-солаи Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон иштирок карданд. Ҳамагӣ се бозӣ доир гардид. Бозӣ миёни дастаҳои Эрон ва Узбекистон бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Эрон чаҳоримтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо духтарони футболбози узбек мақоми аввалро касб карда, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тило сарфароз шуданд. Тими Эрон барои мақоми дувум бо медалҳои нуқра сарфароз гашт. Ба дастаи мизбон – Тоҷикистон – барои мақоми севум медалҳои биринҷӣ тақдим гардид.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқа ҷоизаи «Fair Play» ба мунтахаби Тоҷикистон супурда шуд. Ҷоизаи вижа насиби тими Эрон гардид. Меҳрубон Эгамбердиева, ҳамлагари мунтахаби Узбекистон, беҳтарин голзан (4 гол) шуд. Капитан ё сартими мунтахаби Узбекистон Асалхон Аминҷонова бозигари аз ҳама судманд эътироф гардид.

Ҳамин тариқ, дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA миёни дастаҳои мунтахаби духтарони то 15-сола Узбекистон ду бор (солҳои 2017 ва 2022, Ҳисор) ва Эрон (соли 2019, Тошканд) ғолиб шудаанд.

Фарҳод Холбеков, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-15), дар нишасти хабарӣ гуфт, «қаҳрамонии CAFA барои дастаи мо озмоиши хуб шуд. Вазифаи асосии мо ба мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтазам омодагӣ дидан аст, ки моҳи апрели соли оянда дар Душанбе доир мегардад.»

Қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби духтарони то 15-сола

Даври 1-ум

Узбекистон – Тоҷикистон – 6:0

Даври 2-юм

Эрон – Узбекистон – 2:2

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Эрон – 0:1

Мавқеи дастаҳои дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбекистон

2

1

1

0

8-2

4

2

Эрон

2

1

1

0

3-2

4

3

Тоҷикистон

2

0

0

2

0-7

0

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG