Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо барои Афғонистон мегӯяд, бисёре аз кишварҳо, ба шумули кишварҳои минтақа, ба ин боваранд, ки ҳанӯз дар Афғонистон як ҳукумати фарогир ташкил нашудааст.
Томас Николсон рӯзи сешанбе, 25-уми октябр, дар нишасти Кумитаи робитаҳои хориҷии порлумони Аврупо гуфт, кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва шумори зиёде аз давлатҳои дигар хоҳони ташкили як ҳукумати ҳамашумул ҳастанд.
"Ин вижагие аст, ки минтақа ва кишварҳои минтақа усулан аз он пуштибонӣ мекунанд. Мебинем, ки дар эъломия ва қатъномаҳои мухталиф ба он ишора шудааст. Дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, мумкин Эрон ва Тоҷикистон ду кишваре бошанд, ки хоҳони шунидани садои гурӯҳҳои қавмӣ ва мазҳабии мухталифе ба монанди тоҷикҳо, ҳазораҳо ва шиаҳо бошанд. Ҳимоят аз ҳуқуқи башар, бардоштани гом дар ҷиҳати гуфтугӯ ва таъсиси давлати фарогир ба назари ман, калиди суботи дарозмуддат дар Афғонистон ва минтақа аст," -- афзуд ӯ.
Пеш аз ин, дигар кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ аз ҳукумати таҳти раҳбарии Толибон танқид карда буданд, ки ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабиро дар ҳукуматашон ҷой надодаанд. Толибон ҳамеша таъкид мекунанд, ки ҳукумати онҳо ҳамашумул аст. Ба гуфтаи онҳо, дар ҳукуматашон намояндагони ҳамаи қавмҳо ва ақаллиятҳо саҳм доранд.
Дар нишасти Иттиҳоди Аврупо масъалаи баста мондани мактабҳои духтарона дар Афғонистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ин нишасти Иттиҳоди Аврупо дар бораи Афғонистон, ба идомаи гуфтугӯ бо ҳукумати Толибон таъкид шудааст. Рӯзи сешанбе чаҳорсад рӯз шуд, ки дарвозаҳои мактабҳо ба рӯи духтарони болотар аз синфи шаш дар Афғонистон баста мебошанд.
Дар нишасти порлумони Иттиҳоди Аврупо, муовини бахши занон дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар мавриди вазъи занон ва духтарон дар Афғонистон суҳбат кард.
Вай афзуд: "Афғонистон имрӯз кишвари хатарноктарини ҷаҳон барои занон аст. Чаҳорсад рӯз аз мамнуияти вуруди духтарон ба мактабҳои миёна ва литсейҳо мегузарад. Ҳеч кишваре дар ҷаҳон вуҷуд надорад, ки духтарон ба таври систематикӣ аз таҳсил бар асоси ҷинсият ҳазф шуда бошанд ва ҳаққи занон барои кор нодиди гирифта шавад."
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ шудааст, ки Ҳомид Карзай, президенти пешини Афғонистон ҳам рӯзи сешанбе дар баёнияе гуфтааст, ки аз дархости сокинони вилояти Урузгон дар бораи бозкушоии мактабҳои духтарона ҳимоят мекунад. Карзай бори дигар аз Толибон хост, мактабҳои миёна ва литсейҳоро ба рӯи духтарон бикушоянд.
Гуфтугӯ