Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт муштзани тоҷик дар қаҳрамонии бокси Осиё иштирок мекунанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё миёни мардон ва занон, ки аз 1-ум то 12-уми ноябр дар пойтахти Урдун - шаҳри Уммон – баргузор мешавад, Тоҷикистонро ҳашт муштзан (панҷ мард ва се зан) намояндагӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, дар рақобатҳо миёни мардон Хусравхон Раҳимов (-57 кг), Баҳодур Усмонов (-63,5 кг), Шаббос Неъматуллоев (-80 кг), Наврӯз Ҷафоев (-86 кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг) иштирок мекунанд.

Дар мусобиқаи занон Руҳафзо Ҳақназарова (-50 кг), Миҷгона Самадова (-57 кг) ва Шоира Зулқайнарова (-60 кг) ширкат меварзанд.

Тибқи барномаи мусобиқот рӯзҳои 1-7-уми ноябр қувваозмоиҳо дар даврҳои муқаддамотӣ ва чорякфинал, рӯзҳои 9-10-уми ноябр нимфинал ва 11-12-уми ноябр финал доир хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар қаҳрамонии бокси Осиё, ки дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб доир гардид, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 муштзан шомил буд. Аз байни онҳо чаҳор нафар (ду зан ва ду мард) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар сабқати мардон Баҳодур Усмонов дар вазни то 64 кило ва Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило, дар сабқати занон Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило ва Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд. Ба ҷуз аз медал, ҳарчор варзишгари тоҷик бо ҷоизапулӣ ҳар кадом ба маблағи 2500 доллари ИМА мукофотонида шуданд.

Зимнан, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ҳамагӣ 20 медал – 4 тило, 3 нуқра ва 13 биринҷӣ - ба даст овардаанд. Медалҳои тилоро Ҷаҳон Қурбонов (-75 кг) соли 2008, Мавзуна Чориева (-60 кг) соли 2010, Анвар Юнусов (-57 кг) соли 2011 ва Баҳодур Усмонов (-64 кг) соли 2019 соҳиб шудаанд.

XS
SM
MD
LG