Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Қазоқистон мардумро ҳушдор дод, ки ба гирдиҳамоӣ набароянд


Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Рӯзи якшанбеи 23-юми октябр Додситонии кулли Қазоқистон шаҳрвандони он кишварро огоҳ кард, ки дар рӯзҳои оянда ба "гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ" набароянд. Додситонӣ аз "иғво" ҳушдор медиҳад.

"Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари дурӯғе дар бораи даъвати иғвогаронае барои иштирок дар гирдиҳамоиҳои 24 ва 25 октябр нашр мешавад, ки гӯё мақомоти маҳаллӣ баргузории онро иҷозат додаанд. Ин хабар ҳақиқат надорад", - омадааст дар иттилоияи Додситонии кулли Қазоқистон.

Додситонӣ аз шаҳрвандон хостааст, ба иғво дода нашаванд ва дар гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ ширкат наварзанд.

Ҳукумати шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 21 октябр ба дархости фаъоли шаҳрвандӣ Бибигул Имонгалиева барои баргузории гирдиҳамоии рӯзи 25 октябр иҷозат надод.

XS
SM
MD
LG