Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии CAFA. Бохти мунтахаби духтарони Тоҷикистон ба Узбекистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар нахустин бозии мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни духтарони то 15-сола, ки 21-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, мунтахаби Тоҷикистон аз дастаи Узбекистон бо ҳисоби бузурги 0:6 шикаст хӯрд.

Дар ин мусобиқот дастаҳои мунтахаби духтарони зекри 15-солаи Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон иштирок доранд.

Бозии даври дувуми мусобиқот дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор рӯзи якшанбе, 23-юми октябр, миёни дастаҳои мунтахаби Эрон ва Узбекистон баргузор мешавад.

Дар бозии даври севум ва охирини мусобиқот дар ин варзишгоҳ, ки рӯзи сешанбе, 25-уми октябр, доир мегардад, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Эрон рақобат мекунанд.

Тибқи дастур мусобиқот аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи зиёди имтиёзҳои ба дастоварда муайян хоҳад шуд.

Фарҳод Холбеков, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-15), дар нишасти хабарӣ гуфт, «мусобиқоти CAFA барои дастаи мо озмоиши хуб мебошад. Кӯшиш мекунем, ки сазовор бозӣ кунем. Вазифаи асосии мо ба марҳилаи аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтазам омодагӣ дидан аст, ки моҳи апрели соли оянда дар Душанбе доир мегардад.»

Қаҳрамонии CAFA-2022 миёни духтарони то 15-сола:

Иштироккунандагон: Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон

Даври 1-ум

21 октябр (ҷумъа)

Узбекистон – Тоҷикистон – 6:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбекистон

1

1

0

0

6-0

3

2

Эрон

0

0

0

0

0-0

0

3

Тоҷикистон

1

0

0

1

0-6

0

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 2-юм

23 октябр (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

Эрон – Узбекистон

Даври 3-юм

25 октябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

Тоҷикистон – Эрон

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG