Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский гуфт, Русия сарбанди нерӯгоҳи Каховскаяро минагузорӣ кардааст


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, тибқи маълумоти дарёфтии онҳо, низомиёни Русия сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Каховскаяро дар вилояти Херсони ин кишвар минагузорӣ кардаанд.

Зеленский дар ин бора рӯзи панҷшанбе, 20-уми октябр, ҳангоми суханронии видеоияш дар ҷаласаи Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел хабар дод.

"Мо маълумот дорем, ки террористҳои рус сарбанд ва агрегатҳои нерӯгоҳи Каховскаяро минагузорӣ кардаанд. Ин яке аз иншооти бузурги энергетикӣ аст. Обанбори нерӯгоҳ ҳудуди 18 миллион метри мукааб об дорад. Агар террористони рус ин сарбандро тарконанд, беш аз 80 минтақаи аҳолинишин, бо шумули Херсон зери об мемонанд", - гуфт ӯ.

Раисҷумҳури Украина афзуд, дар сурати таркиш, интиқоли об ба бахши муҳими ҷануби кишвар метавонад қатъ шавад. Илова бар ин, бузургтарин нерӯгоҳи атомии Запороже бе об мемонад, ки об барои сард кардани реакторҳои он хеле зарур аст.

Зеленский хоҳони фиристодани як ҳайати нозирони байнулмилалӣ ба нерӯгоҳи Каховская ва баргардонидани кормандони украинӣ ба онҷо шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG