Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори нигаронии Амрико аз шеваи боздошти фаъолон дар Тоҷикистон


Иёлоти Муттаҳида аз боздошти фаъолон ва мунтақидони ҳукумат дар Тоҷикистону чанд кишвари дигар ибрози нигаронӣ кард.

Намояндаи Амрико дар Созмони Милал 20-уми октябр гуфт, Тоҷикистон, Туркманистон ва Мисру Саудӣ барои боздошти фаъолон қонунҳои маҳдудкунандаи озодии баён ва гирдиҳамоии осоиштаро ба кор мебаранд.

Аз он пеш, 18-уми октябр, Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон дар Ню-Йорк хоста буд, ки Тоҷикистон додгоҳҳоро дар саркӯби расонаҳои мустақил истифода набарад.

Сафорати Амрико дар Душанбе низ 20-уми октябр гуфт, истифодаи низоми адлияро барои ҷазо додани рӯзноманигорону блогерҳо, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сокинони одии Тоҷикистон маҳкум мекунад.

Сафорат аз ҳукумат хост, мурофиаҳоро ба таври боз баргузор карда, гумонбаронро бо вакилони мудофеи хубу мустақил таъмин ва таъқибро барои озодии баён бас кунаду бегуноҳонро раҳо намояд.

Дар Тоҷикистон дар ним соли охир дастикам ҳафт рӯзноманигору блогер асосан ба гумони ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ дастгир ва то ин дам се нафар аз 7 то 10 сол зиндонӣ шудаанд.

Худашон гуфтаанд, гуноҳе надоранд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо раҳоии онҳоро хостанд, вале мақомот намепазиранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG