Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии CAFA миёни дастаҳои мунтахаби занона (U-15) дар Ҳисор баргузор мешавад


Имрӯз, 21-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби занонаи то 15-сола оғоз меёбад. Дар мусобиқот дастаҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон иштирок мекунанд.

Дар бозии ифтитоҳии мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2022 имрӯз, 21-уми октябр, дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Тоҷикистон рақобат мекунанд. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 16:00 шуруъ мешавад.

Тибқи дастур мусобиқот аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи зиёди имтиёзҳои ба дастоварда муайян хоҳад шуд.

Фарҳод Холбеков, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-15), дар нишасти хабарӣ гуфт, «мусобиқоти CAFA барои дастаи мо озмоиши хуб мешавад. Мо бо дастаҳои Узбекистон (21-уми октябр) ва Эрон (25-уми октябр) бозӣ мекунем. Барои духтарони мо ин аввалин мусобиқаи байнулмилалӣ дар фаъолияти варзишиашон ба шумор меравад. Кӯшиш мекунем, ки сазовор бозӣ кунем. Вазифаи асосии мо ба марҳилаи аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтазам омодагӣ дидан аст, ки моҳи апрели соли оянда дар Душанбе доир мегардад.»

Қаҳрамонии CAFA-2022 миёни духтарони то 15-сола

Иштироккунандагон: Тоҷикистон, Узбекистан, Эрон

Даври 1-ум

21 октябр (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 16:00

Узбекистон – Тоҷикистон

Даври 2-юм

23 октябр (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

Эрон – Узбекистон

Даври 3-юм

25 октябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

Тоҷикистон – Эрон

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG