Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори аҳолии Қирғизистон ба 7 млн нафар расид


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи миллии омори Қирғизистон хабар дод, ки аҳолии ин кишвар ба 7 миллион нафар расид.

Ин кумита 1 октябр хабар дода буд, ки шумори аҳолии Қирғизистон 6 миллиону 995 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Маълумоти мазкур бар асоси натиҷаи шумориши аҳолии Қирғизистон дар соли 2022 эълон шуд.

Манбаъ афзуда, ки теъдоди аҳолии Қирғизистон афзоиш ёфта, мизони таваллуд ҳамоно баланд боқӣ мемонад.

Шумориши навбатии аҳолии Қирғизистон баҳори имсол сурат гирифта буд.

XS
SM
MD
LG