Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский гуфт, дар ҳамлаи бесарнишинҳо 7 кас кушта шуд


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хабар дод, ки бар асари ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин дар ин кишвар камаш 7 кас кушта шуд.

Амрико таъкид мекунад, ки Русия ба ҷиноятҳои ҳарбӣ роҳ додааст ва барои ин амалаш бояд ҷавоб диҳад.

Ба гуфти хадамоти иктишофии Бритониё, дар ҳамлаҳои охири Русия ҳавопаймоҳои бесарнишини истеҳсоли Эрон истифода шудааст.

Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ширкатҳоеро, ки дар барномаҳои истеҳсоли бесарнишинҳои эронӣ саҳм доранд, мавриди таҳрим қарор хоҳад дод.

Рӯзи 17-уми октябр дар ҷараёни тамрин як ҳавопаймои ҷангӣ дар шаҳри Ейски вилояти Краснодари Русия оташ гирифта, ба бинои истиқоматӣ бархӯрд.

Хабаргузориии «Рейтерс» навори ин ҳодисаро нашр намуд. Вазорати ҳифзи тандурустии Русия мегӯяд, дар ҳодиса 13 кас ба ҳалокат расида, 19 нафари дигар захм бардошт.

Гуфта мешавад, сабаби суқути ҳавопаймо сӯхтори яке аз муҳаррикони ҳавопаймо будааст. Пеш аз бархӯрди ҳавопаймо ба бино халабон онро тарк кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG