Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон аз Путин барои ҳалли масъалаи марзӣ бо Тоҷикистон кӯмак хостааст


Котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов ҷузъиёти мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистонро хабар дод. Ба гуфтаи Имонқулов, Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон аз Владимир Путин, президенти Русия хостааст, ки дар ҳалли масъалаи марз бо Тоҷикистон кӯмак расонад.

"Дар Остона миёни президентҳо гуфтугӯи ошкоро сурат гирифт. Мушкили марз ба хотири он сурат гирифт, ки масъалаи муайянсозӣ ва аломатгузории он сари вақт ҳал нашуд. Аз ҳамин хотир президенти мо аз Путин хост, ки дар ҳалли он кӯмак расонад. Ҷониби Русия ваъда кард, ки маводҳои ҳар ду ҷонибро меомӯзад ва дертар баҳои ниҳоӣ медиҳад. Ман фикр мекунам, ки ин масъала ҳал хоҳад шуд, зеро дар Москва метавонанд, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ва харитаҳоро пайдо созанд", - гуфт Имонқулов.

Пештар аз ин Владимир Путин гуфт, ки Москва "дар бораи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ нисбат ба худи ҷумҳуриҳо иттилои дақиқтар дорад".

Рӯзи 13 октябри дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мулоқоти сеҷонибаи президентҳои Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон баргузор шуд. Ин роҳбарон масъалаи марбут ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баҳс карданд.

Бори ахир рӯзҳои 14-17 сентябр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон низоъ бархост. Дар натиҷаи он 63 шаҳрванди Қирғизистон кушта ва бештар аз 200 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Мақомоти Тоҷикистон расман аз кушта шудани 41 тан дар низои ахир хабар доданд. Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои манобеи худ аз марги 82 тан хабар дод.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро дар сар задани низоъ айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG