Рӯзи 14-уми октябр афроди ношинос шишаи идораи нашрияи Elmedia-ро дар шаҳри Алмато шикаста, навиштаҷоти "Elmedia. Kz News" боқӣ гузоштаанд.
"Пулис ба ҷои ҳодиса омада, аз пайи таҳқиқ шудааст. Аммо аз ҳоло маълум аст, ки ин авбошӣ нест, ин огоҳии хушунатбор ба рӯзноманигорон аст. Бидуни шубҳа, ин ҳамла аст", - хабар доданд аз идораи расона.
Гулҷон Ергалиева, сармуҳаррири Elmedia рӯзи 14 октябр дар Фейсбук навишт, ки "фишор ва тарс додани расонаҳо ва фаъолони шаҳрвандие шуруъ шудааст, ки дар бораи мушкилоти иҷтимоиву сиёсии кишвар ошкоро ҳарф мезананд".
Гуфтугӯ