Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Душанбе бо мунтахаби Русия ду бозии дӯстона анҷом медиҳад


Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, ки дар Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт дар қатори панҷ дастаи беҳтарини қора ҷойгир шуд, бо ноиби қаҳрамони Аврупо – мунтахаби Русия ду бозии дӯстона баргузор мекунад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Русия рӯзҳои 7-ум ва 8-уми ноябр дар Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе – Қасри теннис ва намудҳои варзиши обӣ доир мегарданд. Оғози бозиҳо – соати 18:00.

Бозиҳои дӯстона

7-уми ноябр (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

Тоҷикистон – Русия

Душанбе, Қасри теннис ва намудҳои варзиши обӣ

8-уми ноябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

Тоҷикистон – Русия

Душанбе, Қасри теннис ва намудҳои варзиши обӣ

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки моҳи сентябри имсол дар Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт дар бозии аввалаш тими миллии Баҳрайнро бо ҳисоби 4:3 шикаст дода, дар бозии дувумаш аз мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд, баъди пирӯзӣ дар бозии севумаш бар мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 8:5 дар гурӯҳи “В” бо шаш имтиёз ҷойи дувумро гирифт ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Вале мунтахаби Тоҷикистон дар чорякфинал аз тими миллии Тайланд бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи ширкат дар нимфинали мусобиқот маҳрум гашт.

Зимнан, мунтахаби Тоҷикистон, ки бори дувум дар таърихи худ ба чорякфинали қаҳрамонии Осиё роҳ ёфт, ба мисли соли 2007 дар Ҷопон дар даври чорякниҳоӣ ноком шуд ва дар байни панҷ дастаи беҳтарини қора ҷой гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG