Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷейми Флай аз Қирғизистон хост, таҳдид ба хабарнигорони "Азаттик"-ро таҳқиқ кунад


Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ хостори таҳқиқ дар бораи таҳдид ба хабарнигорони ин расона дар Қирғизистон шуд.

Рӯзи панҷшанбеи 13-уми октябр тайи як гирдиҳамоӣ дар Бишкек иштирокчиён хоҳони бастани бахши қирғизии Радиои Озодӣ ва дигар расонаҳои озод дар Қирғизистон шуданд.

Ҷейми Флай дар баёнияе аз мақомоти Қирғизистон хоста, аз онҳое, ки кормандони Радиои Озодӣ/ Радиои Аврупои Озодро бо хушунат таҳдид кардаанд, бозҷӯӣ кунад.

Дар ин баёнияи президентиРадиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ омадааст, "хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ин таҳдидҳо нахоҳанд тарсид. Ман аз мақомоти Қирғизистон мехоҳам, ки масъулини ин таҳдидҳои хушунатомез алайҳи кормандон ва дафтари моро мавриди бозрасӣ қарор диҳанд".

Ширкатдорони гирдиҳамоӣ дар Бишкек, ҳамчунин зидди расонаҳои дигари Қирғизистон, аз ҷумла Kloop ва "Кактус Медиа" низ шиор доданд. Онҳо талаб карданд, ки қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ қабул шавад.

Бисёре аз иштироккунандагони ин тазоҳурот чеҳраҳои худро пӯшонида буданд ва аз истодан дар назди дурбинҳо худдорӣ карданд ва ба суолҳо дар мавриди хостаҳояшон посух надоданд.

Кормандони пулис гирдиҳамоиро назорат карданд.

Пештар аз ин вакили порлумони Қирғизистон Жанарбек Акаев аз расонаҳои мустақили он кишвар ҳимоят ва аз сиёсатмадорону ҳукуматдорон даъват кард, ки ба кори рӯзноманигорону блогерон дахолат накунанд.

XS
SM
MD
LG