Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси сарҳад. Гуфтугӯи раҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон бо миёнравии Русия


Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин ва Содир Ҷабборов паси дарҳои баста гузашт
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин ва Содир Ҷабборов паси дарҳои баста гузашт

Пас аз тақрибан як моҳи задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки аз ду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов (Жапаров) ҳамроҳи президенти Русия Владимир Путин сари як миз нишастанд, вале ба ҳамдигар даст надоданд. Дар ҳоле ки бино ба наворҳои пахшшуда ҳарду дар алоҳидагӣ бо Путин дастфишурӣ карданд.

Мулоқот рӯзи 13-уми октябр дар шаҳри Остона ва паси дарҳои баста ҷараён гирифт. Раҳбарони се кишвар барои иштирок дар нишасти кишварҳои осиёӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Қазоқистон рафтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Остона, 13-уми октябри 2022
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Остона, 13-уми октябри 2022

Ҷониби Тоҷикистон кӯтоҳ хабар дод, ки дар вохӯрии паси дарҳои баста таъину нишонагузории марз бо Қирғизистон баҳс шудааст.

Сомонаи президент Раҳмон навишт, “ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои ба миёномада танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ, инчунин, тавассути фаъолгардонии кори гуруҳҳои ҳукуматӣ ва коршиносон оид ба делиметатсия ва демаркатсия ... ҳал карда шаванд.”

Ҷузъиёт дастрас нест. Маълум нест, тарафҳо дар вохӯрӣ дар бораи ҷанҷолҳои марзӣ чӣ радду бадале кардаанд.

Содир Ҷабборов ва Владимир Путин. Остона, 13-уми октябри 2022
Содир Ҷабборов ва Владимир Путин. Остона, 13-уми октябри 2022

Сомонаи раиси ҷумҳури Қирғизистон ҳам иттилоъ дод, ки дар мулоқот мавзӯи сарҳад бо Тоҷикистон баррасӣ шуд. Бино ба ин хабар, Ҷабборов гуфтааст, тарафдори ҳарчи зуд ҳал шудани баҳси марзӣ ҳастанд ва онро кафолати субот ва ҳамсоядории нек номидааст.

Аз он пеш Кремл гуфта буд, Владимир Путин дар оғози музокирот Тоҷикистону Қирғизистонро шарикони муҳиму стратегии Русия номидааст, ки “дар доираи созмонҳои байнулмилалӣ ҳамкории танготанг доранд”.

Вай ҳамзамон ишора кардааст, ки қариб як миллион нафар аз Қирғизистон ва ду миллион кас аз Тоҷикистон дар Русия кору таҳсил мекунанд, вале феълан суҳбатҳояш дар бораи ҷанҷоли марзии Тоҷикистону Қирғизистон маълум нест.

Бино ба иттилои хабаргузориҳо, нишасти сеҷониба бо хости раиси ҷумҳури Русия баргузор шудааст. Маскав қаблан омодагии худро барои кумак ба ҳалли масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон изҳор дошта буд.

Ин мулоқоти нахустини раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон пас аз даргирии рӯзҳои 14-17-уми сентябри имсол дар сарҳад аст. Ду тараф якдигарро ба шурӯи муноқишаи мусаллаҳона ва таҷовузи низомӣ гунаҳкор мекунанд.

Мулоқоти охирини Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов рӯзи 16-уми сентябр дар Самарқанд баргузор шуда, дар бораи оташбас ва берун бурдани нерӯҳои иловагӣ аз хати марз хабар доданд, вале баъдан даргирӣ шиддат гирифт.

Тоҷикистону Қирғизистон, ду кишвари болооби Осиёи Марказӣ, тақрибан ҳазор километр сарҳад доранд, вале бахше аз онро таъину нишонагузорӣ накардаанд.

Ҳарду ҷониб бар асоси харита ва маълумоти гуногун барои соҳибӣ ба қитъаҳои марзӣ, аз ҷумла заминҳои кишту маҳалли иқомат ва сарчашмаи об ҷанҷол доранд. Дар гузашта занозанӣ бештар миёни сокинони рустоҳои наздимарзӣ ва бо сангу чӯб сурат мегирифт, вале солҳои охир ба ҷанги низомиёни ду кишвар ва бо истифода аз силоҳҳои сангину дронҳо табдил ёфтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG