Баъд аз пешравии нерӯҳои Украина, Русия фармондеҳашро дар ҷанг дар Украина иваз кард.
Вазорати мудофиаи Русия рӯзи 8-уми октябр гуфт, ба ин мақом Сергей Суровикин фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии ин кишвар таъйин шудааст.
Дар зарфи як ҳафта бори севум аст, ки фармондеҳи баландрутбаи Русия дар ҷанги Украина иваз мешавад.
Русия рӯзи 24-уми феврали имсол бедалел ба хоки Украина таҷовуз кард. Аз он замон то ҳоло аз ду тараф ҳазорҳо нафар кушта ва миллионҳо украинӣ беҷо шуданд.
Маскав бо баргузории ҳамапурсии сохта чаҳор минтақаи Украинаро ба қаламраваш шомил кард. Киев ва кишварҳои ғарбӣ ғайриқонунӣ ва хилофи меъёрҳои байнулмилалӣ донистанд.
Амрико ва Аврупо пуштибониашонро аз Украина баён дошта, алайҳи Русия таҳримҳои сахт ҷорӣ кардаанд.
Гуфтугӯ