Пайвандҳои дастрасӣ

Ба журналистон имкони кор диҳед. Изҳороти ниҳоии САҲА пас аз боздиди Тоҷикистон


Тереза Рибейро, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот
Тереза Рибейро, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот

Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури озодии матбуот дар натиҷагирии сафараш ба Тоҷикистон бо пахши изҳороте аз ҳабси хабарнигорон ва маҳдуд шудани озодии баён дар ин кишвар сахт нигаронӣ кардааст.

Тереза Рибейро, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот, ки бо ҳайате аз 3 то 7-уми октябр дар Тоҷикистон қарор дошт, нигаронии худ аз саркуби озодии матбуотро дар суҳбат бо Давлат Сафарзода, муовини вазири фарҳанг, Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини аввали Додситонии кулл ва Миҷгона Бобозода, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон матраҳ кардааст.

Аз ин мулоқот танҳо вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабари мухтасар нашр кардааст, вале ҷузъиёти суҳбат бо ин ҳайатро шарҳ надодаанд.

Рибейро дар изҳороте, ки рӯзи 7-уми октябр дар вебсайти САҲА нашр кард, аз Тоҷикистон хостааст, ӯҳдадориҳои байналмилалии худ дар мавриди озодии баёнро риоя кунад, ба рӯзноманигорон иҷозати кор диҳанд, амнияти ҳуқуқиву ҷисмонии рӯзноманигорон, ба хусус амнияти онлайнии рӯзноманигорони занро таъмин кунанд.

Тереза Рибейро гуфтааст, “аз теъдоди зиёди журналистони зиндонӣ ва ҳукмҳои тӯлонӣ нисбат ба онҳо шадидан нигарон аст.” Ба андешаи ӯ, саркуби озодии баён ба кори рӯзноманигорон халал эҷод мекунад ва худсензураро ба вуҷуд меорад.

“Ман аз мақомот даъват мекунам, ки барои тамоми рӯзноманигорон дар кишвар шароити мусоиди корӣ фароҳам оваранд,"—гуфтааст ӯ.

Дар хабарномаи САҲА гуфта мешавад, ки Тереза Рибейро 7,5 сол ҳукми зиндон гирифтани Абдулло Ғурбатиро маҳкум ва аз нигаҳдории ӯ дар зиндони низомаш сангин шадидан танқид кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 4-уми октябр Ғурбатиро ба ҷурми зӯроварӣ нисбати маъмурони милиса, таҳқири намояндаи ҳокимият ва узвият дар созмони ифротӣ ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум кард. Худаш дар мурофиаи охирин гуфтааст, гуноҳе накарда, бо созмонҳои мамнуъ низ ҳеч пайванд надорад.

Тереза Рибейро, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот гуфтааст, аз мақомоти тоҷик талаб кард, ки барои ислоҳи вазъи озодии баён талош кунанд ва ӯҳдадориҳои худ дар назди САҲА ва ҷомеаи байналмилалӣ иҷро намоянд.

Дар Тоҷикистон ба сафари намояндагони САҲА нигоҳи мухталиф доранд. Бархе онро муҳим ва бархеи дигар бар ин назаранд, ки танқидҳои ин созмон ҳеҷ тасмими Тоҷикистонро дигар намекунад.

Равобити Тоҷикистон бо Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо чанд сол боз ҳамвору содда нест. Тоҷикистон соли 2016 аз ин ниҳод шикоят кард ва бо таҳдиди бастани намояндагияш сабаби барканории ду раҳбари он шуд.

Душанбе аз баҳои созмон ба интихоботҳо ва минбар доданаш ба намояндагони ҳизбу гуруҳҳои мухолифи ҳукумат нороҳат аст ва имсол ҳам вакилони худро ба нишасти арзёбии вазъи ҳуқуқи башар ба Варшава нафиристод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG