Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се голи беҷавоби наврасони тоҷик ба дарвозаи Муғулистон


Акс аз сомонаи ФФТ
Акс аз сомонаи ФФТ

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи футболи Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» тими Муғулистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Ин бозӣ, ки шаби чоршанбеи 5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, комилан бо бартарии футболбозони навраси тоҷик сурат гирифт.

Ҳисоб дар дақиқаи 28-ум кушода шуд. Тӯбро капитани мунтахаби Муғулистон Итгел Баясгалан ба дарвозаи дастааш зад. Дар охири нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 45-ум, капитани мунтахаби Тоҷикистон Абубакр Сулаймонов голи дувумро ба самар расонд. Голи севумро Шеравган Саидов дар ибтидои нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 48-ум, ба дарвозаи муғулҳо ворид кард.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» бо иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Афғонистон, Муғулистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе то рӯзи 9-уми октябр идома хоҳад кард.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов бозии дувум ва охиринашро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» бо тими наврасони Афғонистон (U-17) рӯзи якшанбе, 9-уми октябр, баргузор мекунад.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасони то 17-сола, ки аз 3-юм то 20-уми майи соли оянда дар Баҳрайн доир мегардад, ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум роҳ пайдо мекунанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола:

Гурӯҳи «А»: Ҷопон, Урдун (мизбон), Сурия, Филиппин, Туркманистон.

Гурӯҳи «В»: Индонезия (мизбон), Малайзия, Фаластин, Гуам, Имороти Муттаҳидаи Араб.

Гурӯҳи «С»: Умон (мизбон), Ироқ, Қатар, Лубнон, Баҳрайн.

Гурӯҳи «D»: Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ (мизбон), Мянмар, Молдив, Кувайт.

Гурӯҳи «Е»: Яман, Бангладеш (мизбон), Сингапур, Бутан.

Гурӯҳи «F»: Тайланд, Ветнам (мизбон), Тайпэйи Чин, Непал.

Гурӯҳи «G»: Австралия (мизбон), Чин, Камбоҷа, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ

Гурӯҳи «Н»: Тоҷикистон (мизбон), Афғонистон, Муғулистон.

Гурӯҳи «I»: Эрон, Ҳонконг, Қирғизистон (мизбон), Лаос.

Гурӯҳи «J»: Кореяи Ҷанубӣ, Бруней, Узбекистон (мизбон)

Гурӯҳи «H»

Даври 1-ум

Муғулистон – Тоҷикистон – 0:3

Голҳо: Итгел Баясгалан, 28 – ба дарвозаи худ (0:1), Абубакр Сулаймонов, 45 (0:2), Шеравган Саидов, 48 (0:3).

5 октябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Даври 2-юм

7 октябр (ҷумъа)

19:00 - Афғонистон - Муғулистон

Даври 3-юм

9 октябр (якшанбе)

19:00 - Тоҷикистон - Афғонистон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG