Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Тоҷикистон чӣ қадар пул овардаву бурда метавонанд? ВИДЕО


Чӣ қадар пул бигиранд, ки маъмурони гумрук мусодира накунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Наворро дар инҷо бинед

Пас аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо 91 ҳазор доллар ва беш аз 15 ҳазор евро дар фурудгоҳи Кишинёв, чанде аз корбарон пурсидаанд, ки ҳангоми сафар бо худ чӣ қадар пул бигиранд, то ба дарди сар науфтанд.

Муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, “ҳар кишвар талаботи худро дорад ва ягона роҳи ҳифзи пули нақд аз мусодира иҷрои тақозои давлати мизбон аст”.

Мақомоти Кишинёв гуфтанд, шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон рӯзи 28-уми сентябри имсол кӯшиш кардааст, маблағи зиёдро бе эъломия ба Истанбул барад. Аз ӯ ном набурданд. Баъзе аз расонаҳо ӯро зани 51-сола тавсиф кардаанд.

Вақтҳои охир чунин мавридҳо зиёданд ва асосан муҳоҷирони тоҷик ҳангоми бозгашт аз Русия ба ватан бо пули беш аз меъёр ё эълоннашуда дастгир мешаванд.

Бо оғози таҷовузи Маскав ба хоки Украина, Бонки марказии Русия барои шахсоне, ки ҳаққи зисти доимӣ надоранд, ирсоли пулро ба воситаи бонкҳо ё хадамоти интиқоли маблағ “ба андозаи як маош” маҳдуд кардааст.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, бинобар ин маҷбуранд, ҳангоми бозгашт ба ватан бо худ пули нақд бибаранд.

Ҳар нафаре, ки аз Русия берун мешавад, ҳақ дорад, то 3 ҳазор долларро бе эъломия ё “декларатсия” ба хориҷ барорад. Вақте маблағ то даҳ ҳазор долларро ташкил медиҳад, нишон додани санаде дар бораи сарчашмаи пул лозим аст.

Бонки марказии Русия то моҳи марти соли 2023 барои шахсони воқеӣ, ҳам резидентҳо ва ҳам ғайрирезидентҳо, баровардани беш аз даҳ ҳазор долларро манъ кардааст.

Ба қавли ҳуқуқшиносон, ҳар касе ин қонуни Русияро вайрон мекунад, бо ҷарима, ҷазои маъмурӣ ё ду сол ҳабс муҷозот мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар овардани пул ба Тоҷикистон ҳеч маҳдудияте нест, вале ҳангоми баровардани маблағи зиёд бояд чанд шарт риоя шавад.

Муовини сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Хуршед Шерализода, дар номае ба пурсишҳои Радиои Озодӣ навишт, “баровардани то 3 ҳазор доллар мамониат надорад. Декларатсия ё эъломия зарур нест. Баровардани аз 3 ҳазор то 10 ҳазор доллар бо эъломия ва бе пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сарчашмаи ин сарват зарур аст.”

Ба иттилои муовини раиси Хадамоти гумрук, баровардани зиёда аз 10 ҳазор доллар бо эъломия ва ё декларатсия ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сарчашмаи ин сарват зарур аст.

Шарҳи бештарро дар ин видео дар Ютуб бинед:

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG