Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 аз Тайланд шикаст хӯрд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022 аз тими миллии Тайланд бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар нимфинали мусобиқот маҳрум шуд.

Бар асоси дастури қарамонии футзали Осиё дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро гирифтанд, ба чорякфинали мусобиқот роҳ ёфтанд.

Бозии мунтахаби Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи “В” мақоми дувумро касб карда, ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт, бо тими миллии Тайланд - ғолиби гурӯҳи «А» - шоми имрӯз, 4-уми октябр, дар пойтахти Кувайт – шаҳри Ал-Кувайт, дар маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдуллоҳ», баргузор шуд.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мунтахаби Тайланд хотима ёфт. Тайландиҳо дар дақиқаи аввали бозӣ ба задани гол даст ёфтанд.

Нимаи дувуми дидор хеле пуршиддат гузашт. Ба бозигари мунтахаби Тоҷикистон Иқбол Воситзода дар дақиқаи 27-ум муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд. Баъди шаш дақиқа Идрис Ёров голи дувуми дастаи Тоҷикистонро ба самар расонд. Вале пас аз як дақиқа тайландиҳо ҳисобро баробар карданд – 2:2. Голи севум ва ҳалкунандаи мунтахаби Тайланд дар дақиқаи охирини дидор зада шуд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Тайланд, ки бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард, ба нимфинал баромад. Мунтахаби Тоҷикистон, ки бори дувум дар таърихи худ ба чорякфинали қаҳрамонии Осиё роҳ ёфт, ба мисли соли 2007 дар Ҷопон дар даври чорякниҳоӣ ноком шуд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар байни ҳашт дастаи зӯртарини Осиё қарор гирифт.

Дар бозии аввали даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби Ҷопон – ғолиби гурӯҳи “D” тими Индонезия – дастаи ҷойи дувуми гурӯҳи “С”-ро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Инчунин дар бозии дувуми даври чорякниҳоӣ тими миллии Эрон – ғолиби гурӯҳи “С” мунтахаби Ветнам – дастаи ҷойи дувуми гурӯҳи “D”-ро бо ҳисоби бузурги 8:1 шикаст дод.

Бозии охирини даври чорякниҳоӣ миёни мунтахаби Узбекистон - ғолиби гурӯҳи “В” ва мунтахаби Кувайт, ки дар гурӯҳи “А” ҷойи дувумро гирифт, шаби сешанбеи 4-уми октябр соати 22:00 оғоз меёбад.

Ба ин тартиб, то ҳоло се дастаи иштироккунандаи даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2022 маълум шуданд: Ҷопон, Эрон ва Тайланд.

Дар нимфинал, ки рӯзи панҷшанбе, 6-уми октябр, баргузор мешавад, мунтахаби Ҷопон бо ғолиби бозии ниманиҳоӣ миёни дастаҳои Узбекистон – Кувайт ва мунтахаби Тайланд бо Эрон рақобат хоҳанд кард.

Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал

Чорякфинал

4 октябр (сешанбе)

Тайланд – Тоҷикистон – 3:2

Ҷопон – Индонезия – 3:2

Эрон – Ветнам – 8:1

22:00 Узбекистон – Кувайт

6 октябр (панҷшанбе)

Нимфинал

19:00 Ҷопон – ғолиби бозии Узбекистон - Кувайт

22:00 Тайланд - Эрон

8 октябр (шанбе)

Бозӣ барои ҷойи сеюм

Оғози бозӣ – соати 19:00

ФИНАЛ

Оғози бозӣ – соати 22:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG