Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасони то 17-сола баргузор мешавад


Аз 5-ум то 9-уми октябр дар Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» бо иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Афғонистон, Муғулистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов нахустин бозиашро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» бо тими наврасони Муғулистон (U-17) рӯзи чоршанбе, 5-уми октябр, баргузор мекунад.

Ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи наврасони Ҷоми Осиё-2023, ки аз 3-юм то 20-уми майи соли оянда дар Баҳрайн доир мегардад, ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум роҳ пайдо мекунанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола:

Гурӯҳи «А»: Ҷопон, Урдун (мизбон), Сурия, Филиппин, Туркманистон.

Гурӯҳи «В»: Индонезия (мизбон), Малайзия, Фаластин, Гуам, Имороти Муттаҳидаи Араб.

Гурӯҳи «С»: Умон (мизбон), Ироқ, Қатар, Лубнон, Баҳрайн.

Гурӯҳи «D»: Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ (мизбон), Мянмар, Молдив, Кувайт.

Гурӯҳи «Е»: Яман, Бангладеш (мизбон), Сингапур, Бутан.

Гурӯҳи «F»: Тайланд, Ветнам (мизбон), Тайпэйи Чин, Непал.

Гурӯҳи «G»: Австралия (мизбон), Чин, Камбоҷа, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ

Гурӯҳи «Н»: Тоҷикистон (мизбон), Афғонистон, Муғулистон.

Гурӯҳи «I»: Эрон, Ҳонконг, Қирғизистон (мизбон), Лаос.

Гурӯҳи «J»: Кореяи Ҷанубӣ, Бруней, Узбекистон (мизбон), Шри-Ланка.


Гурӯҳи «H»


Даври 1-ум

5 октябр (чоршанбе)

20:00 - Муғулистон - Тоҷикистон

Даври 2-юм

7 октябр (ҷумъа)

20:00 - Афғонистон - Муғулистон

Даври 3-юм

9 октябр (якшанбе)

20:00 - Тоҷикистон - Афғонистон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG