Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамаи дастаҳои иштироккунандаи даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022 муайян шуданд


Дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё дар Кувайт, ки бо иштироки 16 дастаи мунтахаб дар чаҳор гурӯҳ доир гардид, ҳамаи ҳашт тими иштироккунандаи даври чорякниҳоӣ муайян шуданд.

Бар асоси дастури мусобиқот дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро гирифтанд, ба чорякфинал роҳ ёфтанд: Тайланд, Кувайт (гурӯҳи “А”), Узбекистон, Тоҷикистон (гурӯҳи “В”), Эрон, Индонезия (гурӯҳи “С”), Ҷопон, Ветнам (гурӯҳи “D”).

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи “В” мақоми дувумро касб кард, дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо тими миллии Тайланд - ғолиби гурӯҳи «А» бозӣ мекунад. Ин бозӣ рӯзи сешанбе, 4-уми октябр, дар Кувайт соати 19:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Дар бозии дигари даври чорякниҳоӣ мунтахаби Узбекистон - ғолиби гурӯҳи “В” бо мунтахаби Кувайт, ки дар гурӯҳи “А” ҷойи дувумро гирифт, рақобат мекунад.

Инчунин ду бозии даври чорякниҳоӣ миёни дастаҳои Эрон – ғолиби гурӯҳи “С” ва Ветнам – ҷойи дувум дар гурӯҳи “D”, Ҷопон – ғолиби гурӯҳи “D” ва Индонезия - ҷойи дувум дар гурӯҳи “С” сурат мегирад.

Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал

Гурӯҳи «А»

Даври 3-юм

Кувайт – Ироқ – 2:2

Тайланд – Умон – 6:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи "А":

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тайланд

3

2

1

0

11-5

7

2

Кувайт

3

1

2

0

11-6

5

3

Ироқ

3

1

1

1

9-5

4

4

Умон

3

0

0

3

3-18

0

Гурӯҳи «В»

Даври 3-юм

Тоҷикистон Туркманистон 8:5

Узбекистон – Баҳрайн 6:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи "В":

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбекистон

3

3

0

0

17-3

9

2

Тоҷикистон

3

2

0

1

14-11

6

3

Баҳрайн

3

0

1

2

8-14

1

4

Туркманистон

3

0

1

2

9-20

1

Гурӯҳи «С»

Даври 3-юм

Тайпейи Чин – Индонезия – 1:4

Эрон – Лубнон – 9:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи "С":

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

3

3

0

0

24-1

9

2

Индонезия

3

2

0

1

11-8

6

3

Тайпейи Чин

3

0

1

2

3-15

1

4

Лубнон

3

0

1

2

3-17

1

Гурӯҳи "D":

Даври 3-юм

Ҷумҳурии Корея Арабистони Саудӣ – 0:4

ҶопонВетнам – 2:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи "D":

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ҷопон

3

2

0

1

9-2

6

2

Ветнам

3

2

0

1

8-4

6

3

Арабистони Саудӣ

3

2

0

1

7-4

6

4

Ҷумҳурии Корея

3

0

0

3

1-15

0

Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал

Чорякфинал

4 октябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:00 ба вақти Душанбе

Тайланд – Тоҷикистон

Ал-Кувайт, маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдуллоҳ»

Узбекистон – Кувайт

Эрон – Ветнам

Ҷопон – Индонезия

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG