Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба чорякфинали Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт


Мунтахаби футзали Тоҷикистон
Мунтахаби футзали Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар бозии севумаш дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2022, ки имрӯз, 1-уми октябр, дар Кувайт баргузор шуд, тими миллии Туркманистонро бо ҳисоби 8:5 мағлуб кард, бо шаш имтиёз дар гурӯҳи "В" мақоми дувумро касб намуд ва ба даври чоряниҳоии мусобиқот роҳ ёфт.

Дар бозӣ муқобили тими миллии Туркманистон чаҳор голи мунтахаби Тоҷикистонро Идрис Ёров ба самар расонд. Файзалӣ Сардоров ду гол ва Муҳаммадҷон Шарипов як гол заданд. Як голи дигарро туркманҳо ба дарвозаи худ ворид карданд.

Бояд гуфт, ки дар бозӣ муқобили мунтахаби Туркманистон дарвозабони асосии дастаи Тоҷикистон Фирӯз Бекмуродов корти сурх гирифт ва ӯ аз ҳаққи ширкат дар бозии даври баъдӣ маҳрум шуд.

Бозии дигари гурӯҳи «В» дар Кувайт миёни дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Баҳрайн имрӯз, 1-уми октябр, соати 16:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад. Вале натиҷаи он чандон аҳамият надорад, зеро ки соҳибони роҳхатҳо ба даври чорякниҳоӣ аз ин гурӯҳ маълум шуданд.

Мунтахаби Узбекистон, ки дар ду бозӣ шаш имтиёз гирифтааст, сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш муқобили тими миллии Баҳрайн дар гурӯҳи “В” ғолиб шуд ва пешакӣ ба чорякфинал баромад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар бозии аввалаш тими миллии Баҳрайнро бо ҳисоби 4:3 шикаст дода, дар бозии дувумаш аз мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуда буд, баъди пирӯзӣ дар бозии севумаш бар мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 8:5 дар гурӯҳи “В” бо шаш имтиёз ҷойи дувумро гирифт ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Дарвоқеъ, мунтахаби Тоҷикистон дар таърихи худ бори дувум ба чорякфинали Ҷоми Осиё баромад.

Дастаҳои Баҳрайну Туркманистон, ки дар ҳамин ҳол бо якимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севуму чаҳорум қарор доранд, аз ҳаққи ширкат дар плей-офф маҳрум шуданд.

Ҳамин тариқ, дар чорякфинал мунтахаби Тоҷикистон бо ғолиби гурӯҳи “А” (Кувайт, Ироқ, Тайланд, Умон), ки ҳанӯз маълум нашудааст, рақобат хоҳад кард.

Барои унвони қаҳрамони Осиё 16 дастаи мунтахаби зӯртарини қора дар Кувайт мубориза мебарад. Бар асоси дастури мусобиқот дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, ба чорякфинал мебароянд.

Зимнан, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон аз ин пеш даҳ бор – солҳои 2001, 2005, 2006, 2007, 2008, 2010, 2012, 2014, 2016 ва 2018 дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё иштирок карда, соли 2007 дар Ҷопон ба чорякфинал баромада буд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври чорякниҳоӣ аз тими миллии Узбекистон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Фирӯз Бозмамадов (ҳарду аз «Истиқлол»);

Бозигарони майдонӣ: Рустам Ҳамидов («Истиқлол»), Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов, Дилшод Саломов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев (ҳама аз «Соро компания»), Иқбол Воситзода, Шавкат Ҳалимов, Собирҷон Гулаков, Умед Қузиев (ҳама аз «Сипар»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).

Сармураббӣ - Пайрав Воҳидов.

Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал

Гурӯҳи «В». Даври 1-ум

Баҳрайн Тоҷикистон 3:4

Голҳо: Умед Қузиев, 7 (0:1). Умар Ҳасан Алӣ, 11 (1:1). Бахтиёр Солиев, 22 (1:2). Файзалӣ Сардоров, 23 (1:3). Аҳмад Муҳаммад Антар, 33 (2:3). Идрис Ёров, 38 (2:4). Ҷассим Солеҳ Анан, 38 (3:4).

27-уми сентябр. Ал-Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдулло».

Узбекистон – Туркманистон – 8:0

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Узбекистон – 2:3

Голҳо: Элбек Тулқинов, 3 (0:1). Файзалӣ Сардоров, 4 (1:1). Ҳусниддин Нишонов, 6 (1:2). Анасхон Раҳматов, 18 (1:3). Файзалӣ Сардоров, 37 (2:3).

29-уми сентябр. Ал-Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдулло».

Туркманистон – Баҳрайн – 4:4

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Туркманистон – 8:5

Голҳои Тоҷикистон: Идрис Ёров (чор гол), Файзалӣ Сардоров (ду гол), Муҳаммадҷон Шарипов (як гол), автогол – голи туркманҳо ба дарвозаи худ.

1-уми октябр. Ал-Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдулло».

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбекистон

2

2

0

0

11-2

6

2

Тоҷикистон

3

2

0

1

14-11

6

3

Баҳрайн

2

0

1

1

7-8

1

4

Туркманистон

3

0

1

2

9-20

1

Даври 3-юм

1-уми октябр (шанбе)

16:00 – Узбекистон – Баҳрайн

Эзоҳ: замони оғози бозӣ ба вақти Душанбе.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG