Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ бояд кард, то дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дигар ҷанг нашавад? ВИДЕО


Шералӣ Ризоён, сиёсатшинос ва Зафари Сӯфӣ, хабарнигоре, ки чанд сол муқими Бишкек будааст, меҳмони Гапи озод буданд.
Шералӣ Ризоён, сиёсатшинос ва Зафари Сӯфӣ, хабарнигоре, ки чанд сол муқими Бишкек будааст, меҳмони Гапи озод буданд.

Ду ҳафта аз муноқишаи чаҳорузаи маргбору бесобиқа дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад ва қарордоди сулҳ ба имзо расидааст, вале ҳарду тараф мегӯянд, вазъ ҳассос боқӣ мемонад. Дар ҷараёни муноқишаи рӯзҳои 14-17-уми сентябри имсол беш аз 100 нафар аз ҳарду тараф кушта шуданд.

Моҳи апрел ҳам низои сахте ҳам сурат гирифт ва даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт. Даргириву тирандозиҳо дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар гузашта ҳам буданд, аммо на ба ин вусъату миқёс ва муттаҳам кардани якдигар ба таҷовузи низомӣ.

Чаро имсол вазъ ба инҷо кашид ва роҳи поён додан ба хунрезиву таъйину аломатгузорӣ куҷост. Мавзуи “Гапи озод” ин ҳафта дар бораи ҳамин масъала аст ва меҳмонони Радиои Озодӣ Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик ва Зафари Суфӣ журналист, ки чанд сол дар Қирғизистон ҳам зиндагӣ кардааст. Ду суол ва чанд иқтибосе аз барнома:

Радиои Озодӣ: “Дар расонаҳои гуногун мехонем, ки менависанд, сабаби муноқиша дар марз ҳукуматҳои ҳарду кишвар ҳастанд, ки мехоҳанд, назари ҷомеаҳои худро аз мушкилоти дохилӣ ба дигар тараф кашанду ҳимояти онҳоро бо нишон додани кадом як душмани хориҷӣ ба даст биёранд. Шумо дар бораи ин иддаъоҳо чӣ назар доред?

Шералӣ Ризоён: "Ин чизе, ки Шумо дар ҳоли ҳозир такрор намудед, бештар аз ҷониби коршиносон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Қирзғизистон, ки онҳо бештар дар фазои минтақа ҳузур доранд, паҳн карда мешуд, вале агар мо аз баррасии объективонаи одитарини илми таҳлил, бахусус таҳлили сиёсӣ нигоҳ кунем, маълум мешавад, ки Тоҷикистон ягона ҳамсояи Афғонистон аст, ки бо қудрат омадани Толибон назари хос мисли дигар кишварҳои ҳамсоя надорад. Кулли он таҳдидҳое, ки барои Тоҷикистон эҷод мешаванд ва шояд дар оянда эҷод шаванд, аксари онҳо аз самти ҷануб ҳастанд. Бинобар ин, барои кишвари мо ба вуҷуд овардани бесуботӣ дар шимол тақрибан коре буд, ки ба ягон баҳогузориҳое, ки ба таъмини амнияту субот пеш аз ҳама рабт дорад, асоснок намешавад, чун ин баробар ба худкушӣ аст.”

Зафари Суфӣ: “Ҳамеша дар ҳар кишваре вақте вазъ бӯҳронӣ мешавад, талош мекунанд, ки як душмани хориҷие пайдо кунанд. Махсусан кишварҳое, ки низомашон бештар худкома аст, яъне диктатурист. Ин, ки бигӯем, фақат дар Қирғизистон талош бар ин буда, ки як омили берунӣ пайдо кунанду самти эътироз ва нафрати мардумро ба он сӯ баргардонанд, то ҷое дуруст аст, вале на ҳамеша. Махсусан, агар бигирем ҳамин даргирии охирро ва фазои нафратпароканӣ ва душманҷӯӣ дар Тоҷикистонро агар ба назар бигирем, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки расонаҳои мо хеле баста аст ва аслан озодии баён дар кишвар вуҷуд надорад, аз тарафи дигар бо ин густардагӣ дар фазои маҷозӣ он фейкҳое ки то ҷое аз расонаҳои давлатӣ пуштибонӣ мекунанд, он қадар фаъол шуданд ва нафратпароканӣ карданд, мушаххас аст, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҳам, албатта мардум не, аммо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон чунин як талошҳое буданд. Иллаташ ин аст, ки дар фазои маҷозӣ ё ҷаҳон дар робита саркӯби мардуми Бадахшон нисбати ҳукумати Тоҷикистон як фазое ба вуҷуд омада буд, ки инҷо шояд баҳонае шуд барои Тоҷикистон ва баҳонае шуд, ки самти афкори мардумро кашанд ба он тараф. Гӯем ки аз ин даргириҳо фақат ҷониби Қирғизистон манфиатдор аст, чунин нест. Муҳим набояд нафратпароканӣ шавад.”

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо роҳи ҳалли муноқишаҳои марзӣ чӣ буда метавонад ва ба ҳайатҳои ду тараф чӣ машварат медиҳед?

Шералӣ Ризоён: “Ҷонибҳо бояд пеш аз ҳама созишҳоеро, ки пештар имзо шуда буд, риоят кунанд. Махсус созише, ки соли 2008 дар бораи бунёд накардани ҳама гуна инфрасохтор дар ҷойҳои номуайян ва маконҳои дигаре ки имзо шуданд, бояд риоя шаванд. Дуюм чизе ки хеле муҳим аст, омода будан ба гузашт аст, чунки бидуни гузашт кардан ин масъала ҳалли худашро намеёбад ва сеюм эътироф кардани манфиатҳои тарафайн аст.“

Зафари Суфӣ: “Роҳи ҳалли дигаре вуҷуд надорад, ба ҷуз аз роҳи дипломатӣ. Ҳама роҳҳои дигар ба бунбаст мебарад. Яъне ҳадди ақал идомаи нооромиву ноамнӣ ва кушта шудани шаҳрвандҳову низомиён мешавад. Мутаассифона, ҳамеша дар ин даргириҳо бештар аз ҷониби Тоҷикистон шаҳрвандони оддӣ кушта мешаванд. Аммо аз ҷониби Қирғизистон бештар низомиҳо. Яъне маълум мешавад, ки ин ҷо онҳо ҳуҷум кардаанду инҷо аз худ дифоъ карданд. Гузашта аз ин, бояд аз лаҳни тунд дар расонаҳо ва фазои маҷозӣ камтар истифода шавад ва агар имкон бошад, истифода нашвад.Дар Қирғизистон аз озодии баён суистифода шуд ва мавзеъгириҳои хеле тунд ва нодуруст анҷом гирифт. “

Барномаро инҷо бубинед ва назари худро бинависед:

Чӣ бояд кард, то дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дигар ҷанг нашавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:30:00 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG