Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон баъди танаффус


Бозиҳои даври шонздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баъди танаффуси бистрӯза 30-юми сентябр, 1-ум ва 2-юми октябр баргузор мешаванд.

Имрӯз, 30-юми сентябр, бозӣ миёни дастаҳои «Эсхата» ва «Хатлон» дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад.

Рӯзи шанбеи 1-уми октябр «Хуҷанд» бо «Файзканд» дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и Кӯлоб бо «Регар-ТадАЗ» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозӣ мекунанд.

Ду бозии дигари даври шонздаҳуми мусобиқоти лигаи олӣ рӯзи якшанбеи 2-юми октябр баргузор мешавад. «Истаравшан» дар майдони худ бо «Истиқлол» ва КМВА (Клуби марказии варзишии артиш) бо дастаи меҳмон - «Равшан»-и Зафаробод - рақобат хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ «Истиқлол»-и Душанбе бо касби 30 имтиёз дар ҷойи аввал аст. «Равшан»-и Кӯлоб бо касби 24 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. “Хатлон”-и Бохтар бо касби 23 имтиёз дар ҷойи севум мебошад.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ. Даври 16-ум

Оғози бозиҳосоати 15:30

30 сентябр (ҷумъа)

«Эсхата» – «Хатлон»

Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак»

1 октябр (шанбе)

«Хуҷанд» – «Файзканд»

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

«Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ»

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

2 октябр (якшанбе)

«Истаравшан» – «Истиқлол»

Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ

КМВА –️ «Равшан» (Зафаробод)

Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

13

9

3

1

30-7

30

2

«Равшан» (Кӯлоб)

15

6

6

3

17-14

24

3

«Хатлон» (Бохтар)

14

6

5

3

13-7

23

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

14

6

4

4

15-9

22

5

«Файзканд» (Восеъ)

14

6

4

4

16-19

22

6

КМВА (Душанбе)

14

6

2

6

17-20

20

7

«Истаравшан» (Истаравшан)

15

5

3

7

20-16

18

8

«Эсхата» (Хуҷанд)

14

4

2

8

17-26

14

9

«Равшан» (Зафаробод)

15

2

6

7

15-32

12

10

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

14

3

1

10

11-21

10

Нишонзанҳо: Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол») – 10 тӯб. Дилшод Бозоров («Эсхата») – 9 тӯб, Манучеҳр Ҷалилов (“Истиқлол”) – 8 тӯб.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG