Мурофиаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, рӯзи 29-уми сентябр паси дарҳои баста идома кард, вале на додрас ва на вакили мудофеъ ҷузъиёти онро шарҳ надоданд. Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дар мурофиаи рӯзи панҷшанбе масъалаи пахши навори таблиғӣ дар Ютуб ва гирифтани маблағ аз як соҳибкори тоҷик дар Миср баррасӣ шудааст.
Мурофиаи дувуми Абдуллоҳ Ғурбатӣ субҳи 29-уми сентябр дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе оғоз ва то нимарӯз идома кард. Ба мурофиа танҳо вакили мудофеъ ва як шоҳидро роҳ доданд.
Додрас Беҳрӯз Шафо ва вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарифов баъди анҷоми мурофиа аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ карданд. Вакили дифоъ танҳо гуфт, то бегоҳ дар бораи ҷузъиёти мурофиаи имрӯз хабарномае пахш хоҳанд кард.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, додгоҳ рӯзи 29-уми сентябр масъалаи гирифтани маблағ аз як соҳибкорро баррасӣ кардааст. Сухан дар бораи таблиғи ширкати "Элнур" (Elnor) меравад, ки ба гуфтаи мақомот роҳбараш Идибек Латипов, дар "рӯйхати сиёҳ"-и Бонки Миллии Тоҷикистон ва дар қатори "шахсони моил ба терроризм" аст. Худи Идибек Латипов рӯзи 29-уми июл дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз соли 2007 боз дар Миср кору зиндагӣ дорад ва иттиҳоми мақомотро нисбати худ "беасос" номид.
“Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар додгоҳ гуфт, намедонист, ки номи роҳбари “Элнур” Идибек Латипов дар рӯйхати шахсони мамнуъ аст,” -- афзуд як манбаи огоҳ.
Нахустин мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 21-уми сентябр баргузор шуд. Дар мурофиаи аввал се корманди Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур алайҳи Абдуллоҳ Ғурбатӣ шоҳидӣ доданд. Маъмурони милиса даъво доранд, ки Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июн дар бинои ШКД-и Шоҳмансур ба онҳо ҳамла ва таҳқир кардааст. Аммо ба гуфтаи ширкатдорони мурофиа, Ғурбатӣ даъвои кормандони милисаро беасос гуфтааст.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июни имсол боздошт ва ба "таҳқири намояндаи ҳокимият", "истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият" ва "иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ" гумонбар шуд. Манобеи боварбахш мегӯянд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар бозпурсиҳо низ ҳамаи иттиҳомҳоро рад кардааст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон боздошти ӯ ва шаш хабарнигору блогери дигари тоҷикро дар чаҳор моҳи охир беасос номида, озодии онҳоро талаб карданд. Мақомот ҳанӯз ба ин даъватҳо посух надода, вале хабарнигорну блогеронро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои манмнуъ гумонбар донистанд.
Гуфтугӯ