Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабари Радиои Озодиро рад кард, аммо...


Исфара, марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Исфара, марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабари Радиои Озодиро дар бораи он ки сарҳадбонони қирғиз ба деҳаи Сомониён (ҷамоати Чоркӯҳи Исфара) аз миномёт оташ кушодаанд, рад кард. Раёсати иттилоот ва иртибототи ин ниҳод мегӯяд, сокини деҳаи Сомониён дар минае таркидааст, ки марзбонони Тоҷикистон дар наздикии сарҳад гузоштаанд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, вазъ дар марзи миёни ду кишвар то соати 21:00-и 26-уми сентябри соли 2022 муътадил буда, ҷониби Қирғизистон созишҳои дуҷонибаи бадастомадаро эҳтиром ва риоят мекунад. Дар идома гуфта шудааст, аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, таваҷҷуҳро ба расонаҳое, ки бо пахши "маълумоти бардурӯғ, ки боиси барангехтани низоъҳои қавмӣ ва иғвогарона дар сарҳади муштаракан ҳифзшаванда мегардад, ҷалб кунанд."

Хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ҳамчунин гуфтааст, ки “маълумоти дар сомонаи Ozodi.org нашршуда аз ҷониби намояндагони мақомоти исфарагии марзбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар мақомоти салоҳиятдор тасдиқ нашудаанд.”

Ин ниҳод ҳамчунин иттилоъ додааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар минаи насбкардаи марзбонони Тоҷикистон таркида маҷруҳ гаштааст. Аммо шарҳ дода нашуд, ки ду таркиши дигар аз кадом ҳисоб ба амал омадаанд.

Пас аз нимирӯзии 26-уми сентябр Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки ба самти деҳаи Сомониён дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ҳаммарз бо Бодканди Қирғизистон, аз миномёт се зарба зада шуд. Чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар деҳаи Сомониён гуфтанд, мушакҳо соати даҳи рӯз афтоданд.

"Бахтиёр, писари омӯзгор Олимҷон Орифов, захмӣ шуд ва ӯро ба шифохона бурданд," – гуфт яке аз мусоҳибони мо. Ба гуфтаи шоҳидон, Бахтиёр дар ҳоле захмӣ шуд, ки бо гуруҳи калони мардони деҳа ба тоза кардани шикастпораҳои хонаҳо машғул буданд.

"Издиҳоми одамон ё ҳашарчиён дар Сомониёни Боло калонтар буд ва ба ин ҷо ду мина афтода таркид. Як минаи дигар ба Сомониёни Поён исобат кард," -- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Манбаи дигар дар мақомоти вилояти Суғд низ мушакпарониро тасдиқ кард. Вай гуфт, барояш чунин маълумот расондаанд, вале тафсилот надорад. "Ҳоло низомиён ва маъмурони милиса ба ҷои ҳодиса рафта, пайи баррасии воқеа ҳастанд. Ҳашарчиёнро муваққатан аз минтақа берун бурданд," – афзуд ӯ.

Пас аз нашр шудани изҳороти Хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, Радиои Озодӣ бо як намояндаи мақомоти давлатӣ дар ин ҷо дар тамос шуд ва ӯ партоби снаряди минометро тасдиқ кард. "Сокинони инҷо дар муайян кардани навъи силоҳе, ки аз он оташ кушода мешавад, таҷрибаи бой доранд ва шунидаанд, ки пеш аз таркиш садои партоб шудани мина баланд гаштааст", - гуфт ӯ ва афзуд, "раддия барои он аст, ки иҷро накардани шартнома боиси шармсории тарафест, ки ба қувваҳояш назорат карда наметавонад."

Ҳарчанд тарафи Қирғизистон мегӯяд, гуё мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара низ зарбаи минометро рад кардаанд, чунин раддия аз номи онҳо ба Радиои Озодӣ ворид нашудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 25-уми сентябр санади қатъи муноқишаро дар марз имзо карда, барои бардоштани ҳашт посгоҳи ба гуфтаашон "дардисарсоз" аз ду тараф розӣ шудаанд. Ҳамчунин, ҷонибҳо созиш кардаанд, ки дар қитъаҳои марзие, ки бештари вақт низоъ онҷо рух медиҳад, дурбинҳои назоратӣ насб кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG